Дар як сатр
» » Барӯйхатгирӣ дар Норак то 24 октябр давом мекунад

Барӯйхатгирӣ дар Норак то 24 октябр давом мекунад

20-10-2018, 10:36

Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил, ки 10 октябр дар шаҳри Норак оғоз гардида буд, то рӯзи 24 октябр идома мекунад.

Дар робита ба ифтитоҳи ин маъракаи муҳим дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Норак ҷамъомад доир гардид. Масъулин зимни ҷамъомад таъкид намуданд, ки бо мақсади мушоҳидаи пурраи давлатии омор роҷеъ ба шумора ва ҳайати аҳолӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти маълумот дар санаи муайяншуда барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол гузаронида мешавад. Зикр шуд, ки мақсади асосии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ - ин дастрас намудани маълумоти мушаххас дар бораи аҳолӣ мебошад, ки он барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумораю ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиршавӣ, захираҳои меҳнатӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ истифода бурда мешавад. Ёдрас мекунем, ки соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРӮЙХАТГИРИИ САНҶИШИИ АҲОЛӢ ДАР НОРАК

Хабарҳо
Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҳокимияти давлатӣ

Оғози даҳаи «синамаконӣ - асоси ҳаёт»

Хабарҳо
Ҷаласаи якуми комиссияи  вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
14 октябр – Рӯзи соҳибкорон

14 октябр – Рӯзи соҳибкорон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА