Дар як сатр
» » Азми бунёди 5000 иншоот дар се соли оянда

Азми бунёди 5000 иншоот дар се соли оянда

22-10-2018, 10:35

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, қариб 5000 иншооти нав бунёд мегарданд.

Дар ин бора 15 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолият дар саросари ҷумҳурӣ қариб 18 ҳазору 900 иншоот сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои навро Пешвои миллат майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат номида, зикр карданд, ки дар натиҷаи он ҷумҳурии азизамон ободу зебо шуда, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ