Дар як сатр
» » Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

23-10-2018, 06:33

Суди шаҳри Бохтар Назир Алимардонов, сокини 61-солаи ноҳияи Вахшро, бинобар дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт барои 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта, ӯро ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи мошинронӣ маҳрум кард.

Н. Алимардоновро рӯзи 25 августи соли 2018 ҳангоми дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Вектра» дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар дастгир карда буданд. Ин мард, ба гуфтаи худаш, шаби он рӯз аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба самти ноҳияи Вахш равон будааст, ки аз тарафи кормандони БДА боздошт гардида, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки ӯ дар ҳолати мастии дараҷаи сабук қарор дорад. Назир Алимардонов, ки падари ҳафт фарзанд аст, иқрор мекунад, ки аз кардаи худ пушаймон мебошад, зеро, дар ҳақиқат, бо он ки дар ҳолати мастӣ мошин меронд, ӯ ба ҳаёту саломатии пиёдагардон ва иштирокдорони ҳаракат дар роҳ хатар эҷод менамуд.

Раисикунандаи парвандаи маъмурӣ, судяи Суди шаҳри Бохтар Мустафо Муродзода маҷмӯи далелҳои дар маҷлиси судӣ тасдиқшударо асоснок карда, ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Н. Алимардоновро бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «барои идора намудани воситаи наклиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ», банду баст намуда, бодарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ нисбаташ чунин ҷазоро таъйин кард.

Судя Мустафо Муродзода зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» қайд намуд, ки ҳамакнун Назир Алимардонов то панҷ соли оянда ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро нахоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки бино ба иттилои раиси Суди шаҳри Бохтар Абдураҳмон Ёқубзода, дар нуҳ моҳи соли равон 17 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди шаҳр ворид гардидааст. Дар натиҷаи баррасии ин парвандаҳо, нисбати се нафар ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ ва ба 14 ронандаи дигар ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд. Ҳамчунин, тибқи ҳалномаи суд, ҳамаи ин ронандаҳо аз ҳаққи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 соли оянда маҳрум карда шудаанд.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА