Дар як сатр
» » Зодгоҳи Карим - Девона Хуросон аст

Зодгоҳи Карим - Девона Хуросон аст

26-10-2018, 06:30

Ман, Сафаралиев Тошмаҳмад 75 сол дорам. Сокини ноҳияи Хуросон, яке аз донандагону мухлиси эҷодиёти шоири халқ  Карим Девона мебошам. Аз солҳои мактабхониам бо ҳаёту эҷодиёти шоир аз рӯйи китобҳои нависанда ва шоири ширинкаломи тоҷик Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ва «Сатрҳои оташин» шинос шуда будам. Ин ҳар ду китобро аз мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо дарёфт карда, бисёр ғазалҳо ва шеърҳояшро аз ёд карда будам. Ман аз соли 1964 то 2014, яъне 50 сол омӯзгорӣ кардаам. Имрӯзҳо дар бисёр рӯзномаҳо бахшида ба 140-солагии шоир хабару мақолаҳо чоп мешаванд, аммо баъзе мухбирон ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Масалан, дар мавқеи ҷойи таваллуди шоир.
Шоир Карим Девона соли 1878 дар деҳаи Ҷураки ноҳияи Даҳаникиик (ҳоло Хуросон) таваллуд шудааст, на дар ноҳияи Рӯдакӣ ё Ҳисор. Ба ақидаи баъзеҳо гӯё, ки Карим Девона дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.
Ман эҷодиёти ин шоирро дар солҳои ҷавониам мехондам ва мухлиси эҷодиёташ будам, замзама мекардам ва ба назди шахсони муътабаре, ки чун ҳофиз ва донандаи эҷодиёти шоир буданд, мерафтам. Масалан, ба назди Ғуломқодири Хумдонӣ, Ҳабибулло Фақиров (рӯҳашон шод бод). Ҳатто ба назди муйсафедон ва калонсолон, ки бо шоир якҷоя калон шуда буданд, рафта дар бораи рӯзгори шоир қиссаҳои аҷоиб мешунидам.
Соли 1966 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шудам. Замони донишҷӯиям устод Асадулло Сӯфиев ба мо аз фолклоршиносӣ дарс мегуфтанд. Вақте устод огаҳӣ пайдо карданд, ки аз Даҳанакиик ҳастам ба ман супориш доданд, ки дар бораи эҷодиёту рӯзгори шоир Карим Девона аз забони мардуми куҳансол маълумот ҷамъоварӣ намоям.
Баъди баргаштан ба хона бо маслиҳати падарам ба назди ду мӯйсафед - бобои Абдуррозиқ ва бобои Рустам, ки дар деҳаи Уялӣ зиндагӣ мекарданд, рафтам. Ҳар сухане, ки онҳо мегуфтанд қайд мекардам. Азбаски хонаҳои онҳо аз ҳамдигар дур буд, ман бо онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кардам. Яке дар рафти суҳбат гуфт: - Бачам, мо бо Карим Девона якҷо калон шудем, чунки мо ҳам Ҷуракием. Ӯ як хислат дошт, худаш пеш-пеш хараш аз қафо мерафт. Касе ӯро каме ранҷонад, зуд дар ҳаққаш ҳаҷвнома менавишт.
Ман дар бораи девона ном гирифтанаш аз яки дигар пурсидам. Ӯ гуфт: - Ӯ девона набуд, ягон беморӣ ҳам надошт. Зеҳни бурро дошт, доно буд, табъи шоирӣ дошт ва саводи динӣ дошт, - гуфтанд мӯйсафедон. Девона лақаби шоирии ӯст.
Дар мавриди бесавод гуфтани баъзеҳо хостам бидонам, ки то куҷо ин рост аст. Гуфтанд, ки агар ӯ бесавод мебуд, дар шеъру ғазалҳояш ибораҳои «Ба мисли Машрабӣ…», «Чу Бедил…», «Чу Ҳофиз» ва ғайраҳоро истифода намебурд.
Хулоса, мӯйсафедон шеъру тарона ва ғазалҳое гуфтанд, ки баъзеи онҳо дар осори Карим Девона дида намешавад. Камбудии  ман дар он буд, ки ҳамаи маълумоти гирдовардаамро рӯбардор накарда, ба устоди донишгоҳиам Асадулло Сӯфиев супурдам.
Бояд гуфт, тавоноии шоир Карим Девона дар он буд, ки ӯ ба ояндаи дурахшони халқ боварӣ дошт:
 
Давр меронӣ аду, имрӯз даврони ту аст,
Мешавад фардо бидон, фардош даврони
ман аст.
Тиру тӯпу лашкару зиндон дорӣ подшоҳ,
Оҳи сӯзон, ашки резон-тиру пайкони ман аст.
 
Карим, биё замзама кун,
Дарёи Ҷайҳун дама кун,
Аз пушти Ашқар тамма кун,
Нақра нанай, нанай, нанай.
 
Шоири ғозималикӣ Ҳоҷӣ Абдухолиқ Ҷӯрахонзода дар васфи Карим Девона чунин навиштааст:
Карим Девона не, марди худоҷӯст,
Рақибонаш варо девона гуфта.
Чу аз боби ҳақиқат лаб кушояд,
Ба девону ҷинон ҳамхона гуфта.
Надида саҳфаву килки саводро,
Ҳадисе аз дили парвона гуфта.
Сано бар ҳамдиёронаш, ки то ҳол,
Ба ҳар шеъраш ҳазор афсона гуфта.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Карим девона» дар саҳна

«Карим девона» дар саҳна

Фарҳанг ва адабиёт

Гиромидошти хотираи П. Сатторӣ

Хабарҳо

АЗМИ ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ «МУРҒИ ХУРОСОН»

Хабарҳо
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт