Дар як сатр
» » Зиндагии шоиста бидуни силоҳи оташфишон

Зиндагии шоиста бидуни силоҳи оташфишон

24-10-2018, 08:25

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, ки дар ин минтақа  амал менамояд, аз саркардагони гурӯҳҳои  муташаккили ҷиноятӣ,  инчунин сокинони алоҳида  аллакай як миқдор аслиҳаву маводи тарканда мусодира намуд.

Мардуми шарифу дорои фарҳанги баланди Бадахшони кӯҳӣ зери осмони софу беғубор ба меҳнати озоду фоидаовар машғул буда, дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд. Мутассифона, гурӯҳҳои  ҷинояткор ва сокинони алоҳидаи шаҳру навоҳии минтақа ғайриқонунӣ силоҳу аслиҳаи оташфишонро нигоҳ медоранд ва истифода аз он дар кӯча ба бетартибиву зӯроварӣ, тороҷу дуздӣ даст мезананд. Ин ҳама аламовар аст, албатта, зеро ин ҷинояткорон бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи қонун ва ҳукумат авф шуданд. Ба хотире ки рӯзе ба худ омада, аз кардаи хеш пушаймон шуда, яроқро бо олоти меҳнат иваз мекунанд, роҳи дурусти зиндагиро  интихоб менамоянд.  Афсус, ки мусибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ  барояшон дарси ибрат набуд,  хатояшонро ислоҳ накарданд.

 Ин фарзандони ношукру ношуди ватан чӣ мехоҳанд?  Боз хунрезӣ, ғорату тороҷгарӣ ва ҷабру ситами мардуми одӣ? Мехоҳед, ки боз худро шоҳу табъатонро вазир  бинед? Не, не, ба онҳо қотеона мегӯем, акнун вақти шумо гузаштааст. Бе ин ҳам дастонатон олудаи хун аст.

«Букриро гӯр ислоҳ мекунад», мегӯянд. Яъне шумо-ҷинояткорони саркаш, ашхоси ношукру кутоҳандеш  шахси зинда дар гӯрро мемонед, садоятон аз тобут меояд ва он акнун ба гӯши инсонҳои солимақл намерасад. Мақсаду ниятҳои нопокатон мисли ҳубобчаҳои рӯйи об кафида нопадид мешаванд, яъне ба мақсад нахоҳед расид. Пас, аз имкониятҳои мавҷуда истифода кунед, қонун боз аз гуноҳатон мегузарад, яроқи оташфишон дар ҳама давру замон ҷангу мусибат овардааст. Онро ихтиёран супорида, аққалан зомини зиндагии осудаи мардум нашавед.

Вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии рӯзҳои охир дар изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ чунин таъкид шудааст: «Сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки  аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбати сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад. Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра боварӣ дош-та бошанд, ки амнияти онҳо таъмин мегардад. Сокинон бояд ба иғвову дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дурӯғу буҳтони саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд ва дилпурона кору фаъолияти худро идома диҳанд». 

Бале, мардуми заҳматкаш, сулҳхоҳу бонангу номус, созандаву бунёдкор ва ободгар ҳамеша дар паноҳи давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор доранд. Инро мардуми шарифи Бадахшон хуб медонанд ва ҷонибдори сиёсати адолатпарваронаи Сарвари давлат мебошанд. «Зӯрии мушт дар панҷ ангушт» мегӯянд. Дар ҳамдастӣ бо мардум метавон ҳар як зуҳуроти номатлубу амали нопокро пешгирӣ ва ҷинояту ҷинояткорро ошкору саркӯб намуд. Сокинони шаҳру навоҳии Бадахшон ҷиҳати таъмини амният, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда  мусоидат хоҳанд кард. Ба ин боварии комил дорем.

А. Соҳил,

сокини ш. Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар мубориза бо ҷинояткорӣ аҳлона амал кунем

Ҳуқуқу амният

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАМАДАСЛАМОВ ЁДГОР ШОМУСАЛАМОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ...

Хабарҳо

«СХОДКА» МАНЪ КАРДА ШУД. Натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомотҳо ...

Хабарҳо

Волоияти қонун-кафили зиндагии осоишта

Хабарҳо

Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони ...

Хабарҳо