Дар як сатр
» » Ветеранҳо Кабирӣ ва думравонашро маҳкум мекунанд

Ветеранҳо Кабирӣ ва думравонашро маҳкум мекунанд

24-10-2018, 09:22

Мо-ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳияи А. Ҷомӣ аз он хурсандем, ки ватани азиз Тоҷикистон дар давраи 27- солагии соҳибистиқлолӣ гул-гул шукуфта тараққӣ намуда истодааст. Вале бадхоҳони миллат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамон, Шарофиддин Гадоев ва Илом Яқубов ин пешравиҳоро нодидагирӣ карда, дар расонаҳои хабарӣ сафед-ро сиёҳ мегӯянд. Онҳо аз пешравиҳои давлати соҳибистиқлоламон хурсанд нестанд. Мо-ветеранҳо, ки пастиву баландии ҳаётро дидаем, медонем, ки онҳо кистанд ва мақсади нопокашон дар чист. Ҳаргиз ин бадхоҳони ватану миллат ба мақсади нопокашон намерасанд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон чашмашон кушода шудааст ва сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Мо пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва барои иҷрои қарорҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша тайёрем. Хоҳиш мекунем, ки Кабирӣ ва думравони ӯ ҳамчун душманони ватану миллат дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

 

Сафармуҳаммад Зарифӣ,

собиқадори ҷангу меҳнат



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Сиёсат

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо

Дурӯғгӯйӣ торикии имон аст!

Номаҳои Шумо

Дурӯғгӯӣ торикии имон аст

Хабарҳо

Изҳороти собиқадорони Хатлон

Хабарҳо