Дар як сатр
» » Чоҳканонро ҷой зери чоҳ аст

Чоҳканонро ҷой зери чоҳ аст

25-10-2018, 07:20

14 сентябри соли ҷорӣ дар Варшава бо ташаббуси донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Лаҳистон  оид ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои террористӣ ва экстремис-тӣ байни ҷавонону донишҷӯён конфронс баргузор гардид.

Дар ҳузури донишҷӯён муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ, собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Неъматов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сафаров, муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Азизӣ, коршиноси шуъбаи тадқиқоти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Марказӣ, тадқиқоти стратегии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Мариуш Маршевский, инчунин собиқ муассисону аъзои ТЭТ ҲНИ ва ҳоло омӯзгорони Донишкадаи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Сатторов ва Р. Каримов суханронӣ намуданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ ба донишҷӯён оид ба пешрафту рушд дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 1997 суханронӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳушёр бошанд, то зери таъсири ташвиқоти бебунёди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ қарор нагиранд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Неъматов низ дар ин бора андешаҳои ҷолиб баён намуда, донишҷӯёнро ҳушдор дод, ки баҳри ояндасозии ватани хеш дониш омӯзанду онро дар ҳаёт татбиқ намоянд.

Коршиноси шуъбаи тадқиқоти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Марказӣ, тадқиқоти стратегии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Мариуш Маршевский, дар суханронии худ зарурати нигоҳ доштани сулҳу субот дар Тоҷикистонро таъкид кард.  Ӯ тағйироти мусбӣ дар Тоҷикистонро қайд карда, кӯшишҳои қувваҳои гуногуни харобкор барои ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонро маҳкум кард.

А. Сатторов ва Р. Каримов ба донишҷӯён таҷрибаи талхи худ аз иштирок дар фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва хусусияти террористии ин ташкилотро шарҳ доданд.

Ба ширкаткунандагони конф-ронс дар бораи ҳамкории ТЭТ ҲНИ бо хадамоти махсуси кишварҳои гуногун бо мақсади ноором кардани вазъ дар кишвар иттилоъ дода шуд.

Мутаасифона, ба ҳамаи талошҳои сулҳҷӯёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир хоинони миллатамон-мазҳабфурӯшон, зархаридони хоҷагони хориҷӣ, дар симои М. Кабирӣ, пайваста дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маводҳои иғвоангез ба нашр расонида истодаанд. Мақсад аз ин маводҳо, барангехтани кинаву адоват ва низоъ дар байни мардум ва дар назди хоҷагони хориҷиашон муаррифӣ намудани фаъолияти сиёҳкоронаву хоинонаи худ мебошад.    

Хушбахтона, аз солҳои 2000-ум мардуми Тоҷикистони азизамон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисоди кишвар рушду беҳбудӣ дорад. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ ба анҷом расонида метавонем. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди миллатро зарур аст, ки имрӯз масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат-роҳбарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд.

С. Ш. Ашӯров,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баромади Абдуқодирзода дар Истамбул

Хабарҳо

Чоҳканонро ҷой зери чоҳ аст

Номаҳои Шумо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат
РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо