Дар як сатр
» » Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

26-10-2018, 05:49

Камина солҳои тӯлонӣ дар кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ва ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазифаи профессор фаъолият менамоям. Дар ин байн шогирдони зиёдеро ба камол расонидаам. Яке аз беҳтарин шогирдонам Ҳасани Муродиён мебошад. Ман бо ӯ ҳангоми дар факултети забон  ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (алҳол ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) таҳсил намуданаш, аз фанҳои адабиёти қадим ва таърихи адабиёти классикии асрҳои VIII-XIV сабақ омӯхтаам, санҷиш ва имтиҳон қабул кардаам. Дар зери роҳбариям ӯ дар мавзӯи "Тарғиби ғояи ватандӯстии советӣ дар повести "Ятим”-и Садриддин Айнӣ” кори курсӣ анҷом дода буд, ки, хушбахтона мусаввадаи он бо қайдҳои камина то ҳол дар китобхонаи шахсии  ӯ чун ёдгории муқаддас нигоҳ дошта мешавад. Аъло мехонд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуд. То 250 килограмм пахтаи тоза ё то як тонна тагрези пахтаи мошинчидаро ҷамъоварӣ мекард. Соли 1978 дар нахустолимпиадаи "Донишҷӯ ва прогресси илмӣ- техникӣ” иштирок дошт ва сазовори ҷойи дуюм гардид.Бо пешниҳоди декани факултет, дотсент С. Чалишев ва камина, ки он вақтҳо вазифаи котиби Ҳизби коммунистии факултетро иҷро мекардам, Ҳасани Муродиён ҳамон сол барои хониши аъло ва меҳнати зарбдор бо медали "Барои меҳнати шоён” мукофотонида шуд. Соли 1979 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуда, муддате дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Вахш дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори  мактаб фаъолият намуд. Соли 1991 ба ҳайси муаллими соатбайъ ва соли 1992 ба ДДБ ба номи Носири Хусрав ба кор гузашта, дар вазифаҳои мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба илм, декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва сардори Раёсати маорифи вилоят адои вазифа кардааст. Аз соли 2008 то имрӯз мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав аст.
Дер боз орзуи олим шудан дошт. То гузаштан ба донишгоҳ як силсила мақолаҳои ӯ дар маҷаллаи "Мактаби советӣ” (ҳоло "Маърифат”) чоп гардида буданд. Як китобаш низ таҳти унвони "Забони хуни мо бояд шавад бедор” соли 1992  дар ҳаҷми 78 саҳифа ба табъ расида буд. Бинобар ин, ӯ ба ҷодаи илм дилпурона гом ниҳод. Бо ин ният ба Душанбе рафт. Бо мусоидати олимони соҳибном Қ. Бобоев ва устод Х. Асозода бо академик М. Лутфуллоев аз наздик шинос шуд. Бо тавсияи ин олими забардаст аввал ба таҳқиқи мавзӯи "Корҳои беруназсинфӣ аз фанни забони тоҷикӣ” шурӯъ мекунад. Баъди се моҳ мавзӯъ бо маслиҳати устод "Мақоми экскурсия дар ташаккули нутқи хонандагон” номгузорӣ шуд. Дар охир бо тавсияи номзади илмҳои психологӣ, дотсент А. Х. Югай мавзӯяшро бо номи "Мақоми кишваршиносии адабӣ дар инкишофи нутқи хонандагони мактабҳои тоҷикӣ” иваз мекунад. - Номи мавзӯъро, - мегӯяд Ҳасани Муродиён, - ба устод Лутфуллоев арза доштам, устод аз ин бозёфти ман кӯдаквор шодӣ мекард. Баъди заҳматҳои тӯлонӣ рисолаи мазкур ба итмом расид. Ҳимояи рисола рӯзи 16 марти соли 1996 дар Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон бомуваффақият гузашт ва муаллифи он аз рӯйи ихтисоси 13.00.02-усули таълими забони тоҷикӣ ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ шарафёб гардид.
Дарвоқеъ, Ҳасани Муродиён дилбохтаи кишваршиносии адабӣ мебошад. Дар ин ҷода ӯ дар ҷумҳурӣ муҳаққиқи ягона ва нотак-рор аст. Рисолаҳои ӯ "Маҳфили адабӣ-кишваршиносӣ”(1996), "Таҳаввули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ” (1992), "Кишваршиносии адабии тоҷик ва таълими ҳамгироӣ” (1998), "Кишваршиносии адабии тоҷик” (2016), «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ” (2018, бо ҳаммуаллифии дотсент Қ. Наимов) ва ғайра сухани навест дар илми кишваршиносии адабии тоҷик ва усули омӯзиши он.
Камина низ дар пайравии ин шогирди барӯмандам китобҳои "Ганҷҳои нуҳуфта” (2006), "Дар ҷустуҷӯи шуарои Роғ” (2008), "Девони Мирзо Қадам” (2009), «Қасас-ул-анбиё» -и манзуми Мирзо Қадам” (2010)  ва амсоли инҳо, ки сирф масъалаи кишваршиносии адабиро дар бар мегиранд, ба чоп ҳозир кардам.
Ҳасани Муродиён дар таълифи китобҳои дарсӣ ва омӯзиши таърихи маорифу муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ дасти расо дорад. Рисолаҳои ӯ "Ифтихори ватандорӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 3-4” (2007, бо ҳаммуаллифӣ), «Ифтихори ватандорӣ». Китоби дарсӣ барои дарсҳои тарбиявии синфи 5 (2017, бо ҳаммуаллифӣ)” "Расмулхатти бобоӣ”, (2015),"Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин” (1998), "Фурӯғи ирфони Вахшонзамин” (2003),”30 соли дирӯз ва имрӯзи ДДҚ ба номи Носири Хусрав” (2008), "ДДҚ ба номи Носири Хусрав-зодаи истиқлолият” (2016)ва монанди инҳо қимати баланди илмию тарбиявӣ доранд.
Фаъолияти Ҳасани Муродиён бо кишваршиносии адабӣ маҳдуд нест. Ӯ дар таҳқиқи масоили муб-рами адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик низ саҳми бориз дорад."Шаҳпари инсон” (Душанбе, 2003), ”Мазмун ва мундариҷаи маснавии Мирзо Абдулқодири Бедил "Фараснома” (Душанбе, 2008), "Тасвири ҳамбастагии инсон ва олами ҳайвонот (дар мисоли асп) дар адабиёти форсу тоҷик” (Душанбе, 2009), "Конь в пространстве персидско-таджикской литературы” (Душанбе, 2013), ”Фолклори бачагонаи тоҷик” (Душанбе, 2015), "Аз тамрин то тамкини сухан” (Душанбе, 2015), "Шуълаест, к-аз дуд фориғ” (2016) ва ғайраҳо асарҳои  рӯйимизии устодон ва толибилмони мактабҳои олӣ ва миёна мебошанд.
Ҳасани Муродиён на танҳо сиё-сати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро хуб мефаҳмад ва пайваста дар миёни аҳолӣ онро тарғиб менамояд, балки перомуни ин масъала як қатор асарҳои мондагор ва мақолаҳои ҷолиб низ интишор намудааст. Дар рисолаҳои "Фархундапай” (2006), "Чиҳил соли азми синоӣ” (2010), "Шоистаи таҳсин” (2016) аз фидокориҳову азхудгузариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар роҳи ободиву осудагии мулк сухан меравад. Ҳамчунин мавсуф муаллифи беш аз 300 адад мақолаҳои илмию методӣ мебошад.
Ҳасани Муродиён дар журналистика низ қалами бурро дошта, ба ҳамаи воситаҳои ахбори ватанӣ ҳамкорӣ дорад. Чанде сардабири маҷаллаи «Мактаб» низ буд. Номбурда узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳасани Муродиён на танҳо устоду методисти шоиста, балки дар ҷодаи илм низ раҳнамои олимони ҷавон мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ Шарофиддин Асомиддинзода рӯзи 11-уми сентябри соли ҷорӣ дар мавзӯи "Воқифи Лоҳурӣ ва поэтикаи ғазалиёти ӯ” дар шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Қодиров К. дар арафаи  дифои рисолаи докторӣ ва Д. Ҳ. Алихонова дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ буда, унвонҷӯён Ф. Тошматов, М. Раҳмонов, С. Турахонов. З. Шарифов ва Х.  Фақиров таҳти роҳбарии  номбурда рисолаҳои номзадӣ навишта истодаанд.
Ба доктори илми филология, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳасани Муродиён умри дарози саъдиёна ва дар тарбияи мутахассисони варзидаи илмиву омӯзгорӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
И. Икромов,
доктори илмҳои филологӣ,
профессори ДДБ
ба номи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА