Дар як сатр
» » Ба беморон азизу меҳрубон бош!

Ба беморон азизу меҳрубон бош!

25-10-2018, 07:04

Мирзоалии  Раҷабзода  солҳои  зиёд  дар минтақаи Кӯлоб сардори Хадамоти нигаҳдории тандурустӣ шуда кор мекард.  Дар давраи фаъолияти ӯ дараҷаи хизматрасонӣ  ба аҳолӣ сифатан  хеле  беҳтар шуд. Дар ин давра фавти шаҳрвандон  аз бемориҳои сирояткунанда  нисбати солҳои пешин ба маротиба  кам  гардид.  Фавти модару кӯдак низ  ҳангоми таваллуд  ва  баъди  он  ҳаматарафа пешгирӣ карда мешуд.
 
Барои дар байни аҳолӣ тарғиб намудани  донишҳои тиббӣ  ҳафтае ду маротиба бригадаи тарғиботӣ назди мардум рафта,   суҳбатҳо  доир  менамуд.  Дар мавридҳои таъҷилӣ  тарзи  ба ҷабрдидаҳо кумак  расониданро маслиҳат медоданд.  Ҳамзамон, нисбати оқибатҳои нохуши зиёни худтабобаткунии беташхиси  мариз  ва  марҳамбахшии мустақилона  аҳолиро огоҳ менамуданд.  
Миралии  Раҷабзода бо ҷаҳду  талош  беморхонаҳои ноҳияҳо ва вилоятии дар минтақа фаъолияткунандаро  бо  таҷҳизоти  замонавии тиббӣ  муҷҷаҳаз  гардонид. Дар  деҳаҳои  дурдаст ва манотиқи  кӯҳистон   садҳо бунгоҳҳои тиббӣ  ва марказҳои  саломатӣ  сохта шудаанд.   Инчунин  дар маркази  шаҳри  Кӯлоб дар  ин давра  маркази ёрии  таъҷилӣ  ба фаъолият  оғоз  намуд. Марказ,  илова бар он, 24  соат ба муроҷиати  сокинони маркази минтақа  хизмати  саривақтӣ мерасонад,  дар  ҳолатҳои  садамавӣ - нақлиётӣ  он  ба мавзеъҳои  дурдасти  минтақа     барои  кӯмак  фиристода мешаванд.  
Дар ин хусус нависанда  Саид  Раҳмон қисса  мекунад,  ки  боре  дар нишасти матбуотии ноҳияи  Балҷувон ширкат доштем. Шумораи  рӯзноманигорон аз  30 нафар зиёд буд.  Вақти  ҳисоботи раиси  ноҳия  рӯзноманигор ва  нависанда Раҳим Рафеъзод  аз бемории қалб  дар ҷои нишасташ  ба  фурӯ афтод.   
Ба Раҷабзода тамос гирифта,  аз вазъият огоҳаш намуданд. Аз байн якуним соат нагузашта, мошини Ёрии таъҷилӣ  бо духтури қалбшинос  ҳозир шуданд. Баъди кумаки  аввалинро расонидан  беморро    ба шифохонаи  Кӯлоб интиқол намуданд.  Ин ҷо  нависанда беш аз 20  рӯз табобат гирифта шифо ёфт. Азбаски ин барояш  сеюмин навбат сактаи дил будааст,  ӯ ба  ҷарроҳии таъҷилӣ   ниёз дошт.
Ин вақт низ Мирзоалии  Раҷабзода  ҷавонмардӣ нишон  дод. Ҷарроҳии нависандаро  дар хориҷа мегузарониданд. Дарёфти маблағ барои ин  кор  мушкилот пеш овард.  Дар қатори  ёру дӯстонаш Раҷабзода низ  2 000 сомонӣ  ёфта дод. Ҷарроҳии дар Ҳиндустон  гузаронидашуда ҳаёти нависандаи  жарфбину боистеъдодро  дарозу  тӯлонӣ карда натавонист.  Вале амали мардуми даст ба хайр, чун  сарвари собиқи  беморхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб  дар ёди дӯстону мухлисони нависанда  умре боқӣ хоҳад монд. Ин  маъниро шоири нозукбаён Саид Раҳмон чунин баён намудааст:
Давобахше  ба дарди
 зиндагонӣ,
Ба беморон  азизу меҳрубонӣ.
Ҷавонмардӣ, Худо ёрат
бародар,
Саховатманд дар ин олам
 бимонӣ.
Оре,  дар нисбати муҳтарам Мирзоалии Раҷабзода  чунин гуфторҳои нек  аз  мардум зиёд шунидан мумкин аст.  Сокини деҳаи Анористони Ҷамоати ба номи  Рӯдакии ноҳияи Восеъ Собири Ҳайдарзода нақл мекунад, ки  падарамро  яхчал партофту  пояш аз қурмуч ва поёнтар  ду ҷояш шикаст. Азбаски  Раҷабзода худаш  духтури шикастубанд  аст, ба ӯ  муроҷиат намудам ва аз  камбизоатии оилаамон  огоҳаш намудам. Бо фармони  ӯ  мӯйсафеди  нотавонро ба беморхона  бурданд. Духтур худаш  ӯро ҷарроҳӣ кард ва то шифо ёфтанаш тамоми    мавод ва доруву дармонро ройгон таъмин намуд. Дасти сабуки ҷарроҳ буд,  ки падари пиру нотавонам то имрӯз  бақуввату   барҷост.  Шаҳрванди қишлоқи  Қайнари ҳамин ноҳия Сайфулло Шарифзода  айнан дар ҳаққи духтур  Мирзоалӣ  ҳамин гуна  сипосномаро басо миннатпазирона арза медорад.
Моҳи даҳум аст, ки Раҷабзода Мирзоалӣ Миралӣ ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб роҳбарӣ мекунад. Дар идора даҳ нафар хизматчиёни давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Он дорои муоинагоҳи санҷишии сифати ҳама гуна  доруҳои  истеъмолӣ мебошад.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми ҷабҳаҳое,  ки ба саломатии мардум робита дорад, пайваста назорат мекунад. Раванди табобати мардум дар беморхонаҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ мунтазам тафтиш карда мешаванд. Маҳсулоти хӯрокворӣ дар нуқтаҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳое, ки ба истеҳсоли навъҳои мухталифи  хӯрока машғуланд, мудом зери назорати хадамот мебошад. Дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо садорати онҳо ҷарима баста мешаванд ва дар ҳолати ба норасоиҳои дағал роҳ додан барои аз вазифа сабукдӯш гардонидан ба ташкилотҳои болоӣ санадҳо пешниҳод менамоянд.
Барои  ба мардум дар алоқаи доимӣ будан ва аз боби вазъият дар ҳамаи ҷабҳаҳо иттилоот доштан, ба ҷуз вохӯриҳои  сайёр     боз дар хадамот телефонҳои боварӣ 3-19-07, 3-19-22, 985-81-91-66 кор мекунанд. Афроди ҷабрдида метавонанд тавассути телефонҳои мазкур ба идора тамос гирифта, мушоҳидаҳояшонро арза бидоранд. Ахбороти додаи эшон ошкор карда намешавад.
Хадамот дар тӯли фаъолияташ беш аз 1,5 тонна доруҳои бесифатро аз фурӯш гирифта, нест  карданд.
Як воситаи таъсиррасонии муҳим барои аҳолӣ - мақсаднок истифода бурдани эълону рекламаҳо мебошад.  Моҳияти чунин тарзи тарғиботро    хадамот хело хуб дарк намуда, сари ҳар чанд вақт роҳбари раёсат ва кормандони он тариқи телевизиони шаҳри Кӯлоб баромадҳо мекунанд. Аз аҳамияти ҳамкорӣ  ба омма тавсияҳо медиҳанд.
 
Ғайбулло Ҳалимов,
мухбири «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Ҳокимияти давлатӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ