Дар як сатр
» » Иншоотҳои нав мавриди истифода

Иншоотҳои нав мавриди истифода

23-10-2018, 11:03

Дар доираи таҷлили ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ  дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия,  корҳои ободонӣ босуръат идома доранд.

Дар ин самт соҳибкорон, тоҷирон ва шахсони саховатпеша   саҳми арзанда гузошта, ҳамарӯза ташаббусҳои нав ба нав роҳандозӣ мегарданд.

Аз ҷумла, бахшида ба ин санаи таърихӣ дар деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бо ташаббуси  оилаи Қодирзодаҳо майдончаи хурди бозии футбол сохта шуда, дар вазъияти идона  мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими  ифтитоҳи  майдончаи варзишӣ раиси ноҳияи Восеъ назди ҷавонону наврасон баромад намуда,  таъкид дошт, ки Ҳукумати мамлакат ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш таваҷҷуҳи баланд зоҳир менамояд. Бояд ба қадри заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расида, бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтори намунавии худ ифтихори падару модар ва кишвари азизи худ бошем

Бо саҳмгирии оилаи Қодир-зодаҳо, ҳамчунин дар ин рӯз дар деҳаи Осмонбика нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт мавриди истифода қарор дода шуд. Баробари ин аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин, дар деҳаи Ҳомид  Бароти Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов бо дастгирии шахсони саховатпешаи деҳа назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13  ҳуҷраи методии замонавӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мебел, мизу курсӣ таъмин карда шуд.  Акнун омӯзгорон имкон пайдо намуданд, ки  дар шароити мусоиди корӣ  ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои методиро  дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

 

С. Наҷот,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ