Дар як сатр
» » Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

22-10-2018, 10:39

Ҳамкориҳои судманд

Дар  Паёми навбатии Роҳбари  давлат ба Маҷлиси  Олии кишвар ҳимояи   манфиатҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ  ва амнияти  Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ,  эҷодӣ шароити мусоиди   берунӣ барои рушди устувори кишвар  ва таъмини бехатарии он ҳамчун масъалаи  муҳим арзёбӣ  гардидааст. Дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон низ бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ гардидааст. Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба робитаҳои судманди дуҷониба дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони лоиҳаи «Устувории рушди иҷтимоию иқтисодӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаноби Роберт Вробелъ, мутахассиси  калон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ, роҳбари гурӯҳи лоиҳа аз сиёсати дарҳои кушодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри ҳамкориҳои судманд омодааст. Раиси  вилоят низ нисбати дастгириҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди инфрасохтори  иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва ҳамкориҳои минбаъда изҳори сипос намуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ