Дар як сатр
» » «Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

23-06-2017, 11:02

- мегӯяд Сангак Бекназаров, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

Сангак Бекназарови 77-сола, сокини деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, имрӯз шукрона аз он мекунад, ки шоҳиди ваҳдати миллӣ гардида, дар замони сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарад. ӯ айёми ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оварда мегӯяд: «Ваҳдати миллӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои аввали истиқлолият бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохилу хориҷ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва боиси қурбониҳо, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки дар натиҷа ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳо ба вуҷуд омад».

Бобои Сангак беш аз 25 сол, то айёми низоъҳои ҳамватанӣ, роҳбарии хоҷагии ба номи Даврон Нуриддинови ноҳияи Бохтарро ба зимма дошт. Дар заминҳои корам мардум барои пешбурди зиндагии худ кори саҳро мекарданд. Аз ҳисоби Фронти халқӣ дар ин рӯзҳои нотинҷ ҳатто ба колхозҳо сардор таъин мекарданд, то кишоварзон бе ягон тарсу ҳарос дар саҳро кор кунанд.



- Зиндагии мардуми парешонгаштаи Тоҷикистон, алалхусус аҳолии Хатлонзамин, бениҳоят вазнин буд, мардум ғизои хӯрданӣ надоштанд, - ба ёд меорад Сангак Бекназаров. – Роҳбар будам, метарсидам, ки ба саҳро равам, аз ин рӯ, шабро дар ҳар куҷо рӯз мекардам. Нангу номус маро нагузошт, колхозеро, ки ман дар ӯ нону ном ёфтам, партофта равам.

Сангак Бекназаров баъди роҳбарии хоҷагӣ, дар ноҳияи Бохтар ба ҳайси ҷонишини аввали раиси ноҳия ба кор мепардозад. Ду даъват - даъвати 10-ум ва 12-ум (соли 1980-1985, 1990-1995) депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1995 то соли 2000-ум вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бохтар интихоб гардид.

- Моҳи октябри соли 1992-юм буд. Як бегоҳ гурӯҳе ба хонаам омаданду гуфтанд, ки “раис, мо ба раисии шумо кор надорем. Аммо шумо вакилиатонро супоред”. Ман розӣ нашудам. Онҳо баромада рафтанд, - зикр кард бобои Сангак. - Ҳатто ба ҷонам таҳдидҳо ҳам карданд. Ҳангоме ки ба кор мерафтам, дарро аз дарун маҳкам мекардам. Дар ёдам ҳаст, ки рӯзе як силоҳбадаст ба назди идораи кориам омад, дид, ки дар маҳкам, аз ғазаб як тирдони автоматро дар зери дари утоқи кориам холӣ намуд. Аз зарбаи тири ҳамон силоҳбадаст ҷойи изи тир монда буд.



- Баъд аз ин, ба ман хабар омад, ки дар назарашон намоён нашавам, ки несту нобуд мекунанд, - ба ёд меорад даҳшати ҷангро Сангак Бекназаров. - Дигар ба маҷлисҳои ноҳиявӣ ҳам намерафтаму занг зада, супориш мегирифтам. Он вақт Абдулмаҷид Достиев раисии ноҳияи Бохтарро ба зимма дошт. Тариқи телефон А. Достиев, ба ман занг заданд, ки барои иштирок ба иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравем. Худи ҳамон бегоҳ ба штаби Фронти халқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба маҷлис ҳозир шудам, ки дар он ҷо Абдулмаҷид Достиев, Сангак Сафаров ва Шералӣ Нуралӣ ҳузур доштанд. Ба ман гуфтанд, ки мошин биёбам ва вакилонро гирифта ба шаҳри Кӯлоб барам.


- Масъулияти бехатарии вакилони мардумиро ҳеҷ кас ба худ гирифта наметавонист, - зикр кард Сангак Бекназаров. - Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия на дар пойтахт, балки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Ба ҷуз ин, дар миёни худи вакилон ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ набуд. Мо, вакилони мардумии Вахшонзамин – банда ва Панҷӣ Маматқулов, Файзалӣ Гурезов, Барот Саид, Боймурод Сайдалиев дар ибтидо ҷониби Кӯлоб раҳсипор шудем. Аз шаҳри Кӯлоб моро Эмомалӣ Раҳмон, Абдулмаҷид Достиев, Қиматгул Рустамова, Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол гирифтанд. Ва аз он ҷо ба шаҳри Хуҷанд парвоз намудем, - афзуд Сангак Бекназаров.

Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор шуд.



- Аз ҷониби вакилон намунаҳои Нишону Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба толор ворид шудан Парчамро бӯса карда, ваъда дод: «Кӯшиш мекунам, ки дар муддати кӯтоҳтарин ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида ва он гурезаҳоеро, ки берун аз ватану дур аз хонаву дари хешанд, ба ватан баргардонам, дар Тоҷикистон сулҳу оромиро пойдор намуда, барои рушду инкишофи он саҳмгузор бошам!».

«Дар маросими «Оши оштӣ» Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуд ва иштирокчиён Парчамро бӯса намуда, савганд ёд карданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима мебахшанд. Ба сарони тарафҳо ва роҳбарони гурӯҳҳо чун рамзи инъом дар маъракаи «Оши оштӣ» ҷомаву тоқӣ пӯшониданд», - иброз дошт С. Бекназаров.

Сангак Бекназаров мегӯяд, ки бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот, айёми созандагӣ, рӯзҳои нек фаро расиданд, мардум ҳама аз пайи зиндагӣ ва ободкорианд.



Дар ҳақиқат, Иҷлосия заминаи мусоиде гардид ба дарёфти роҳи наҷоти миллат, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯзи бемаънӣ, барои ба маҳалли зисти доимиашон баргаштани фирориён, барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва таҳкими ваҳдати миллӣ.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА