Дар як сатр
» » Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

22-06-2017, 07:16

Курси семоҳаи «Духтарони сарвар», ки аз 7 апрели соли 2017 то 21 июни соли 2017 идома кард, дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.

курси омӯзишии "Духтарони сарвар"курси омӯзишии "Духтарони сарвар"


Ин давраи омӯзишӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб барои беш аз 50 нафар духтарон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар асоси «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» ва дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» баргузор гардид.

Дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои донишҷӯдухтарон амал менамояд, ки 104 нафар узви он мебошанд. «Ба донишҷӯдухтарони курси омӯзишии «Духтарони сарвар» барои иштироки фаъолона ва бо муваффақият хатм намудани курси мазкур аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар сертификат супорида шуда, онҳо ба захираи кадрӣ ворид гардидаанд», - иброз намуд Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Духтарони фаъоли ояндасоз

Духтарони фаъоли ояндасоз

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА