Дар як сатр
» » Таъмири ду км роҳҳои пиёдагарди Кӯлоб

Таъмири ду км роҳҳои пиёдагарди Кӯлоб

13-01-2015, 15:28

Таъмири ду км роҳҳои пиёдагарди Кӯлоб


Тайи ду моҳи охир беш аз ду километр роҳравҳо дар хиёбони ба номи Сомонии шаҳри Кӯлоб навсозӣ шуданд.

Дафтари матбуотии шаҳрдории Кӯлоб аз қавли Нуриддин Бозоров, муовини раиси ин шаҳр иттилоъ медиҳад, ки имсол ба истиқболи 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамаи роҳҳои пиёдагард дар кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳр таҷдид хоҳанд шуд.

Ба қавли Н. Бозоров, ин иқдом бо маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон пиёда шуда, дар баробари таъмири роҳравҳо, инчунин тамоми поячароғҳои ду ҷониби роҳи хиёбони марказии Кӯлоб ба дарозии як километр иваз шудааст. «Дар оянда дар кӯчаю хиёбонҳои Кӯлоб тамоми пояҳои куҳна ба поячароғҳои нав иваз хоҳанд шуд», - зикр кард Н. Бозоров.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Навсозии 17 километр роҳҳои асосӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Навсозии 17 километр роҳҳои асосӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд

Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Муроҷиати шаҳрдори Кӯлоб ба соҳибкорон

Муроҷиати шаҳрдори Кӯлоб ба соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА