Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аз таъмир то чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ


Аз таъмир то чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ



Дар қисме аз муассисаҳои томактабии шаҳри Бохтар таъмири ҷорӣ ҷараён дораду дар қисми дигар таҷҳизот таъмин ва дар қисме чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ доир гардида истодаанд. Ин ҳама дар доираи «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» амалӣ мегардад.

Бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва волидон дар чанде аз муассисаҳои томактабӣ таъмири ҷорӣ ва харидориву насби ҷевонҳо барои гузоштани либос ва дигар ҷиҳози тарбиятгирандагон рафта истодааст.

Илова бар ин, ҳамарӯза озмуну чорабиниҳои гуногун, аз ҷумлаи ровиёни беҳтарин, рассомӣ, намоиши истеъдод, сарояндагиву раққосӣ, қироати шеър ва амсоли ин доир шуда истодааст, ки кӯдакони пурмаҳорату соҳибистеъдод қадрдонӣ карда шуданд.

Дар муассисаи таълимии № 1-и шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабинӣ бахшида ба "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" озмуни "Беҳтарин қироати шеър" миёни кӯдакону наврасон доир карда шуд. Дар ин озмун 60 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ширкат намуда, аз рӯйи шарт ва талаботи озмун ҳунару маҳорати шеърхонии худро санҷиданд. Дар рафти озмун чанде аз кӯдакону наврасоне, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" мебошанд, ширкат намуда, маҳорати худро санҷидаву сайқал доданд.

Ҳамзамон, мисраъҳои шеърӣ дар мавзӯи илму дониш ва ҳаёти кӯдакон, эҳтиром ба волидон қироат карда, баҳои баландтарро соҳиб гаштанд.

Дар рафти озмун мушоҳида гардид, ки иштирокчиён пеш аз омадан ба озмун омодагии ҷиддӣ дидаанд. Зеро аксарияти кӯдакону наврасон бо маҳорати баланд мисраъҳои шеъриро аз эҷодиёти шоирони классику муосир қироат карданд.

Се нафар ғолибони озмун муайян гардида, бо туҳфаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, чанде аз иштирокчиёни дигар низ барои фаъолӣ нишон додан бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд. 

Дар муассисаҳои томактабии ноҳияи Хуросон низ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ дар доираи "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" доир гардида истодааст. 

Хусусан, миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии ноҳия озмунҳои гуногун ба роҳ монда шуд, ки дар он кӯдакону наврасон ҳунару маҳорати худро месанҷидаанд.

Ёдовар мешавем, ки "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон бо қарори раиси вилояти Хатлон эълон гардидааст, ки фарогири чил шакли чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ мебошад. Яъне, давоми чил рӯз барои кӯдакон ва бо иштироки кӯдакон чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд.

Тарбия замоне муассир ва муваффақ хоҳад буд, ки шахсият ва хусусияти психологии кӯдак хуб омӯхта шавад. Дарки дурусти хусусиятҳои психологии кӯдак имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаю истеъдоди ӯро беҳтар шиносем ва мувофиқ ба он усулҳои таълиму тарбияро интихоб ва истифода кунем. Аз ин лиҳоз, баргузории чунин чорабиниву озмунҳо имконияти васеъ барои шинохтан ва дарёфти истеъдодҳои нав миёни кӯдакон мебошад. Дар муассисаҳои таълимии дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ чорабиниҳои гуногун доир гардида истодаанд.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода