Дар як сатр
» » Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист

19-06-2017, 17:18

15 июн аз мавлуди фарзанди баруманду сарсупурдаи миллати тоҷик генерал-полковники милиса Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 сол пур шуд.

Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ин санаи хотирмон бахусус барои онҳое, ки солҳои душвори 90-уми асри гузашта ва ибтидои солҳои 2000-ум барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона ва софдилона хизмат намудаанд, фаромӯшнашаванда мебошад. Дар солҳои 1996-2006, дар замони роҳбарии Ҳомиддин Ҳасанович ба ВКД, ки давлату миллати тоҷик баъди баромадан аз ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти вазнини даврони ташаккулёбиро аз сар мегузаронид ва дар баробари ин қонуншиканӣ ва даст задан ба ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ зиёд ба назар мерасид, вазифаи басо муҳиму масъулиятнок - мубориза бо ҷинояткорӣ ба зиммаи кормандони макомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд. Маҳз бо талошу кӯшишҳо ва азму суботи ин марди соҳибхирад, тарзи дурусти роҳбарии ӯ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз набардҳои сангину заҳматталаб ва мактаби шуҷоату мардонагӣ гузашта, суботу оромиро дар кишвар таъмин намуданд.

Марҳум дар тӯли солҳои фаъолияташ аз худ малакаи баланди касбӣ, лаёқати корбарӣ ва беҳтарин хислатҳои хоси инсонӣ, алалхусус одамдӯстӣ, меҳрубонӣ ва муносибату рафтори писандидаро зоҳир намуда, мактаби худро таъсис дод. Хизматҳои шодравон Ҳомиддин Ҳасанович дар назди давлату миллат ниҳоят зиёд буда, ӯ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ, хизмати арзандае ба нафъи давлату миллат намудааст.

Ҳомиддин Шарифов ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат дар барқароркунии сохти конститутсионии кишвари ҷавонамон саҳми беандоза дорад.

Ҳаёт ва зиндагиномаи Ҳомиддин Шарифов барои тамоми кормандони низомӣ худ як намунаи ибрат аст. Аз ин ҷост, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ худро шогирди ӯ меҳисобад. Кору фаъолияти Ҳомиддин Шарифов ҳамчун сиёсатшинос, ҳуқуқшинос, роҳбар, вазир ва фармондеҳ дар назди халқу миллат пурарзиш боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз, ки ин марди наҷиб миёни мо нест, танҳо дуое мекунем, то Парвардигори олам рӯҳашро шод ва охираташро обод гардонад.

Аз дўстону шогирдон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Вазир кай ба Хатлон меояд?

Вазир кай ба Хатлон меояд?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА