Дар як сатр
» » Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

19-06-2017, 11:03

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат


Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле бузург аст. Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо хоҳам кард. То охирин гурезаро ба ватан барнагардонам, ором намешавам. Ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам».

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо ба роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро ҳизбу пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Маҳз дар сурати ваҳдат душворию монеаҳо бартараф гардида, рӯзгори мардум паси сар мешавад.

Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад. Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз тараққӣ мекунад, иқтисодиёташ меафзояд ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, яъне тантанаи ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ман ҳам чун як фарзанди миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз ифтихор дорам. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта. Ваҳдат ин номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон мебошад. Зеро бист сол қабл, рӯзи 27-июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ба амал овард. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги дохилӣ хотима гузошта шуд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Имрӯз тамоми мардуми сарзамини тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият ва ваҳдат муқаддасу азизанд, ҳамчун рукнҳои асосии давлат рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ободию осудагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳамарӯзаи мо мебошанд. Ҳамасола ин ҷашни басо пуршукӯҳ дар сар то сари кишвар хотирмон таҷлил мегардад.

Зи хоки пок суди мо зи Ваҳдат аст,
Биё, шукӯҳу буди мо зи Ваҳдат аст.
Нишоти мо, вуҷуди мо зи Ваҳдат аст,
Таронаву суруди мо зи Ваҳдат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғиб намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳанг муносибати некбинона доштаанд. Ин маънӣ ханӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгонамон «Авесто» ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро бишканад. Бишнавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору ҳамбоз бошем ва бо якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».

Ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ муборак бошаду бигузор, ҳар як рӯзи зиндагии мо зери осмони софу беғубор гузарад ва парчами сулҳу ваҳдат болои сарамон доим партавафшон бошад:

Даргоҳи ҷовидонист, саршори меҳрубонист,
Маъвои зиндагонист, шукри макони Ваҳдат.


К. ПИРХОНОВА, омӯзгори
Донишгоҳи давлатии Данғара


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Фарҳанг ва адабиёт