Дар як сатр
» » Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

17-06-2017, 08:18

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Рӯзи 17 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ бахшида ба таҷлили 20–солагии Ваҳдати миллӣ ва ба истифода додани якчанд иншооти нав ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф овард.

Сарвазири мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа


Сарвазир бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии мақомоти прокуратураи вилоят ва бинои нави факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо оғоз бахшида, ба сохтмони бинои марказии маъмурии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав санги асос гузошт. Қ. Расулзода инчунин барои дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншооти мазкур ба масъулин маслиҳат ва дастурҳо дод.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА