Дар як сатр
» » Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб

17-06-2017, 07:53

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб


Рӯзҳои 13, 14 ва 15-уми июн гурӯҳи иштирокчиёни «Корвони маърифат»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб сафар намуданд. Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг, барои иштирокчиёни корвон, ки иборат аз намояндагони кулли муассисаҳои иҷтимоӣ буданд, хеле хотирмон сурат гирифт.

Ин лаҳзаи чорабинии корвон дар ноҳияи Муъминобод низ, хеле хуб сурат гирифт. Рафти натиҷагирӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур баргузор гардид, худ далели он буд, ки меҳмонон аз истиқболи гарму чорабиниҳои баргузор намудаи онҳо хушнуду қаноатманданд.

Сафар ба ноҳияи баландкӯҳи ба номи Шамсиддин Шоҳин барои иштирокчиёни «Корвони маърифат» таассуроти дигар дошт. Аз вазъи ба назар намоёни сокинони маркази ноҳия бараъло мушоҳида кардан мумкин буд, ки онҳо барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию иттилооти «Корвони маърифат» омодагии хуб дидаанд.

Роҳбарони гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» зимни натиҷагирӣ ба чорабиниҳои баргузор намудаи ин ноҳияи кӯҳистони вилоят баҳои сазовор доданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

«Корвони маърифат»- ро Вахш истиқбол гирифт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА