Дар як сатр
» » Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

14-06-2017, 11:00

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав


Рӯзҳои наздик гузоштани санги асос барои бинои нави маъмурию таълимии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар назар аст.
Ба иттилои профессор Қудратулло Абдураҳимов, ноиби ректори донишгоҳи мазкур, айни ҳол сохтмони бинои нави таълимии чорошёна барои донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиш анҷом ёфта, ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.


Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2016 бинои наву замонавии чорошёнаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба истифода дода шуда, бо технологияи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз гардид. Биноҳои таълимии мазкур аз ҳисоби маблағҳои худӣ мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, толорҳои маҷлисгоҳ, кафедраҳо, ҳуҷраҳои маъмурӣ ва синфхонаҳои компютерӣ мебошанд.

- Бо шарофати ба истифода супурдани биноҳои нави таълимӣ ва васеъ гардидани масоҳати таълимҷойи донишгоҳ ба масоҳати беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, тақвият ёфтани пойгоҳи моддӣ-техникии он, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба иҷозатномаи пешбурди фаъолият 10 ихтисоси нав афзуд, ки ин барои фарогирии фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тад-рисшаванда ва таъминот бо омӯзгорони баландихтисос равона гардидааст, - зикр кард Қ. Абдураҳимов. - Имрӯз ҷараёни таълим дар донишгоҳ аз рӯйи 45 ихтисос роҳандозӣ шудааст.

Бо мақсади тақвият додани пойгоҳи моддӣ-техникӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ бо ширкатҳои гуногун тендер гузаронида шуд, ки тибқи он, таҷҳизоти як озмоишгоҳи мукаммал аз фанҳои физика, мизу курсӣ барои ҳазор ҷойи нишаст, 140 компютер, 30 принтер, 15 тахтаи электронӣ, 20 проектор ва дигар таҷҳизоти идорию маводи таълимӣ ба донишгоҳ ворид гардида истодааст.

Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа дар соли 2017 бунёди бинои нави гимназия ва китобхонаи замонавии ҳар кадоме бо масоҳати 1500 метри мураббаъро ба нақша гирифтааст, ки ояндаи наздик ба сохтмони онҳо оғоз хоҳад кард.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА