Дар як сатр
» » ««Корвони маърифат» корвони раҳи ояндаи мост»

««Корвони маърифат» корвони раҳи ояндаи мост»

13-06-2017, 13:40

««Корвони маърифат» корвони раҳи ояндаи мост»


- Бо чунин шиор меҳмонон ва ҳайати «Корвони маърифат”-ро сокинони ноҳияи зебоманзари Восеъ дар саҳни Қалъаи таърихии Ҳулбук истиқбол гирифтанд

Аз пешвози самимии мардуми шарафманди ноҳияи Восеъ олами пурмеҳри садоқат, шеърпарварию фарҳангсолории эшон баръало намудор буд. Онҳое, ки ба истиқболи аҳли “Корвони маърифат” омада буданд, бо ифтихор ин мисраъҳоро месуруданд:

Бин, пайкари ҷовидон дорад Восеъ,
Хушмардуми меҳрубон дорад Восеъ.
Кони намакаш назир надорад ба ҷаҳон,
Ҳулбук ба ҷаҳон нишон дорад Восеъ.
Бо номи накуи Миралӣ фахр кунад,
Даҳ ахтари қаҳрамон дорад Восеъ.


Чорабинии маърифатию фарҳангии “Корвони маърифат”, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари вилоят барпо мегардад, рӯзи 10 июн дар ноҳияи Восеъ бо шаҳомат ва баргузории силсилаи барномаҳои рангини ҳунарию омӯзишӣ, вохӯрию мулоқотҳои гарму хотирмон, мусобиқаҳои ҷолиби варзишӣ идома кард.

“Корвони маърифат”, тибқи маъмул, аз гурӯҳҳои мухталифи зиёиён, ҳунармандон, табибон, рӯзноманигорон, адибон ва фаъ-олони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда, дар ҷамоатҳои деҳот ва рустоҳои дурдасттарини ноҳия ба дидори сокинони маҳаллӣ раҳсипор гардиданд.

Табибони шомили “Корвони саломатӣ” дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев дар ин рӯз наздики 2000 сокини ноҳияи Восеъро қабул ва аз ташхиси тиббӣ гузаронида, барои муолиҷаашон машварат доданд. Қобили зикр аст, ки феълан дар ноҳияи Восеъ 83 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 8 беморхонаи статсионарӣ, 38 маркази саломатӣ ва 20 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 179 нафар пизишкон, аз он ҷумла 55 нафарашон дорои тахассуси дараҷаи олӣ ва 13 нафар дорои нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор мекунанд. Маълумот дода шуд, ки худи табибони ноҳия дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба аҳолии ноҳияи Восеъ 735 ҳазору 553 маротиба хизмати тиббӣ расонидаанд.

Озмуни падару модар байни хонандагони МТМУ №51-и Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ, мулоқоти адибон бо аҳли ҷомеа дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов, вохӯрӣ бо иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев, баромади ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, намоиши ҳунарии ансамбли “Фалак”-и шаҳри Кӯлоб дар маркази Ҷамоати деҳоти Тугарак ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои ёдмону серҳаводори “Корвони маърифат” дар ноҳияи Восеъ буданд.

Дар боғи фарҳангии ноҳияи Восеъ аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва бахши ноҳиявии он аксияи иттилоотӣ гузаронида шуд, ки дар доираи он садҳо адад варақаю буклет ва рӯзномаҳо, аз ҷумла нашрияи вилоятии “Хатлон”, ба иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони ноҳия тақдим гардид. Зикр шуд, ки дар ноҳия 63754 ҷавон, аз он ҷумла 33394 нафар духтарон, сукунат дошта, аз ин ҳисоб 16 ҳазору 522 нафарашон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар бошад, алъон 93 ҷавон аз ноҳияи Восеъ таҳсил мекунанд.

Дар мулоқотҳое, ки дар толорҳои гимназияи хонандагони болаёқати деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов, инчунин дар МТМУ №4, МТМУ №51 доир шуданд, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мардум атрофи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, фирефтаи афкору ақоиди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динии экстремистӣ нашудан, напайвастан ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, нарафтан ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурияву Ироқ, пешгирии гароиш ва тақлид ба фарҳанги бегона, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суҳбат ва табодули назар карданд.

Озмуни “Оилаҳои беҳтарин”, ки дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ доир гардид, зикр шуд, ки дар панҷ моҳи гузаштаи соли 2017 дар ноҳияи Восеъ 708 ҷуфти ҷавонон бо ҳам ақди никоҳ бастанд. “Оила макони меҳр, макони умедҳост, ки дар он танҳо муҳаббату дӯстдорӣ бояд ҳукмфармо бошад. Устувории ҷомеа аз оила ибтидо мегирад. Дар муҳити орому осоиштаи оила умр ба сар бурдан хушбахтист. Қобили зикр аст, ки шумораи оилаҳои тифоқ ва шоистаи ибрат дар ноҳияи Восеъ хеле зиёд аст. Аммо ҷойи нигаронӣ ҳам ҳаст, ки мизони азҳамҷудошавии оилаҳо дар ноҳия рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар дар панҷ моҳи аввали соли 2016 дар ноҳия 29 ҳолаи ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шуда бошад, дар ҳамин давраи соли ҷорӣ 48 оила аз ҳам ҷудо гардидааст”, - зикр кард Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, зимни суханрониаш дар маҳфили “Оилаи беҳтарин”.

Дар ин ҳамоиши хуби фарҳангӣ ҷуфти Шариф Абдулҳаев ва Давлатбӣ Давлатшоева, Садафмо Судурова ва Сафар Ятимов, Холисамо Набиева ва Муҳибулло Ҳабибуллоев, Қурбонбӣ Бобоева ва Давлатҷон Давлатов, Суратмо Раҷабова ва Сайҳомид Мансуров, Олуфтамо Қувватова ва Бобохон Муъминов ва дигарон, ки то 50 соли собиқаи ҳамзистӣ ва фарзандони қобилу тарбиятдида доранд, ҳамчун оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ муаррифӣ гардиданд.

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбарии Аловуддин Абдуллоев бо намоиши хуби худ рӯҳи иштирокдоронро болида сохтанд.

Дар маросими натиҷагирӣ аз чорабиниҳои “Корвони маърифат” раиси ноҳияи Восеъ Мусо Ғафурзода меҳмонон ва аҳли корвониёни маърифатоварро хайрамақдам гуфт. ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки “Корвони маърифат” пайкрасон аз 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ буда, боиси таҳкими сулҳу субот, баҳамназдикшавию ваҳдати устувори сокинони навоҳӣ ва минтақаҳои кишвар, шиносоии беҳтару бештар бо урфу одат ва ҳунару фарҳанги мардумони Тоҷикистон гардидааст.

Аҳли корвониён ва иштирокдорони чорабиниҳои фавқуззикр аз санъати воло, шеъру таронаҳои дилнишин, илму маърифат ва ҳунари баландмақоми мардуми ноҳияи зебоманзари Восеи қаҳрамон як ҷаҳон лаззати маънавӣ бурданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР