Дар як сатр
» » Ватандор кисту "ватанхоҳ" чӣ мехоҳад?

Ватандор кисту "ватанхоҳ" чӣ мехоҳад?

12-01-2015, 20:45

Ватандор кисту "ватанхоҳ" чӣ мехоҳад?


Ҳар гоҳ ки дар бораи ватандорию ватанхоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳарф мегӯянд, байти машҳури Абулқосим Лоҳутӣ ба ёд мерасад, ки гуфта буд:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду?


Бешубҳа, имрӯз хастанд нафароне, ки ватанхоҳию ватандӯстиро дастак карда, аз боби ватандорӣ ҳарф мезананд, аз камбудию норасоии дар ватани азизамон Тоҷикистон ҷойдошта ва хосатан, аз роҳбарияти он ҷор мезананд, то ба мақсади ғаразноки худ ноил гарданд. Вале ҳайҳот. Мардуми шарифи кишвар, ки азалан мардуми хирадманду ботамкин ва дурандешанд, инро хеле хуб дарк мекунанд ва медонанд, ки ин мардум кистанду чӣ мехоҳанд. Ва болокории ин чунин як фиребкориро дида, ба чӣ рӯзгори пурмашаққате гирифтор шуда буданд.

Аслан ин «ватанхоҳон», ки худро ин қадар дӯстдори ватану мардуми он медонанд ва аз рӯзгори ба қавлашон, нохуби Тоҷикистон ҳарф мезананд, кистанд? Аксари онҳо ба мардум аллакай маълуманд ва медонанд, ки онҳо чӣ мақсаду чӣ орзуе доранд. Танҳо як мақсад аст: баргардонидани курсию вазифа, мансабу ҷоҳи аздастрафта ва молу амволи аз ҳисоби найрангу фиреб ҷамънамуда. Вагарна, ин «ватанхоҳон»-у «ватандорон» ҳама дар Ватан – Тоҷикистон буданд ва чаро он вақт фикри Тоҷикистону мардуми онро надоштанд. Танҳо як чиз пеши чашмонашонро гирифта буд: худбинию чизпарастӣ, то метавонистанд, сарват ҷамъ мекарданд. Вале лаҳзае дар ёди ҳамватани худ набуданд, куҷо дастгирии ин мардуму ғамхорӣ нисбати онҳо.

Умаралӣ Қувватов, Додоҷон Атовуллоев, Абдумалик Абдуллоҷонов ва ғайраву ҳоказо аз ҷумлаи чунин нафарони «ватанхоҳ» ҳастанд, ки берун аз марзи Тоҷикистон истода, дар бораи Тоҷикистону тоҷикистониён бо «сӯзу гудоз»-и фиребанда ҳарф мезананд. Онҳо бо дурӯғу буҳтон ва дасисабозиҳои худ мехоҳанд аз нав мардуми тоҷикро ба вартаи ҷангу низоъ кашанд ва ба ин васила ба мақсади нопоки худ расанд. Вале ин орзу ва нияти онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро мардум инро хеле хуб дарк мекунанд ва намегузоранд, ки ин тоифаи аҷнабипараст ва бо маблағи онҳо таъминшуда ниятҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Магар ҳамин Додоҷон Атовуллоев набуд, ки бо «Чароғи рӯз»-аш рӯзи равшани моро шаби тор кард ва мардуми тоҷик солҳо азоби инро кашиданд. Дар гирдоби ҷаҳолату нотавонбинии ин рӯзноманигори «фидоӣ» афтода, фарзандони худро аз даст доданд. Шукри Худованд, ки барои миллати тоҷик сулҳу сафо овард ва бо сарварии марди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дасти ҳам гирифта, ватани харобгаштаи худро аз нав обод намуда, ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ месозанд. Бо дасти худ ҷароҳатҳои ватанро, ки аз дасисабозӣ ва сиёсатбозиҳои чунин нафарон пайдо шудааст, дармон мебахшанд.

Вале ин сиёсатбозони навбаромад ва «пуштибон»-и миллати тоҷик дар хориҷи ватан қарор гирифта, бо ташкилоту созмонҳои худ - «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор»-ашон ба ҷилва омада, мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро ба бозиҳои сиёсии худ кашида, сари ин ватани аҷдодӣ ва мардуми бофарҳангу баномуси он бо роҳбарону пуштибонҳояшон воқеаҳои мамолики Араб, Африқо ва ахиран ҳодисаҳои Украинаро роҳандозӣ намоянд. Умаралӣ Қувватову ҳампаймонҳояш ҳаминро мехоҳанд. Ва имрӯз онҳо тавассути расонаҳои хориҷӣ баромад намуда, сиёсати имрӯзаи роҳбарони ҳукумату давлати Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлатро ғайри қобили қабул маънидод менамоянд, ки ин ба ҷуз туҳмату буҳтон чизи дигаре нест. Вале чуноне мегӯянд, «тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст» ва ҳеҷ гоҳ ин тирҳои каҷ ба ҳадаф нахоҳад расид. Зеро мардуми Тоҷикистон муддаои тирандозонро хеле хуб мефаҳманд. Ва намегузоранд, ки Тоҷикистони офтобӣ, ки дар он сулҳу субот ва якпорчагию ҳамдигарфаҳмии Тоҷикистону мардуми он рӯз аз рӯз мустаҳкам гардида истодааст, ба он халале ворид гардад.

Файзи РАҶАБ,
ноҳияи Восеъ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ватандорӣ аз имон аст

Ватандорӣ аз имон аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Каждуми зери бӯрё

Каждуми зери бӯрё

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Восеъ: Ифротгароиро маҳкум намуданд

Восеъ: Ифротгароиро маҳкум намуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА