Дар як сатр
» » Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

12-06-2017, 10:08

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Дар заминаи ширкати «Субҳи Сарбанд»-и шаҳри Сарбанд боз як коргоҳи нав ба кор шурӯъ намуд, ки ба ин васила 12 бонуи хонанишин бо фарогирии касби дӯзандагӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Ба иттилои Гулдаста Бобомуродова, муовини роҳбари ширкати «Субҳи Сарбанд», корхона аллакай истеҳсоли 6 ҳазор адад либоси мактабиро ба нақша гирифтааст, ки 3 ҳазори онро муассисаҳои таълимии шаҳр фармоиш додаанд. “Барои мо дар бозори дохилӣ пайдо намудани муштариён ва рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсолшуда хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бо Маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе шартнома баста, ният дорем дар дохили худи корхона курсҳои дӯзандагиро ташкил ва бо ин роҳ сатҳи касбияти коргаронро баланд бардорем”, - гуфт Г. Бобомуродова ва афзуд, ки дар оянда фаъолияти корхона васеъ ва шумораи коргарон аз ҳисоби занони хонанишин бештар карда хоҳад шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар Сарбанд

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар Сарбанд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА