Дар як сатр
» » Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

10-06-2017, 10:50

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

То поёни соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон мавриди истифода қарор додани 30 корхонаи бузург, миёна ва хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ азм доранд, ки дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳоро афзоиш диҳанд. Тайи панҷ моҳи гузаштаи соли равон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла дар натиҷаи бакорандозии корхонаҳои хурду сехҳои тавлидотӣ ба мушоҳида расидааст. Дар ин давра 14 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехҳои дӯзандагӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ бунёд гардидаанд. Қисме аз 16 корхонаи саноатие, ки бунёдашон то охири сол дар назар аст, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Корхонаҳои мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, маводи сӯхт ва масолеҳи сохтмонӣ машғул хоҳанд буд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
40 ҷавони хатлонӣ барои омӯзиши нассоҷӣ ба Хитой рафтанд

40 ҷавони хатлонӣ барои омӯзиши нассоҷӣ ба Хитой рафтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА