Дар як сатр
» » Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

10-06-2017, 10:31

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

Ваҳдат ва сулҳу ризоияти миллӣ аз унсурҳои бунёдии таърихи сиёсии тоҷикон ва рушди асосҳои суботи ҷомеа ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Халқи тоҷик бо такя ба ғановати ҷаҳоншумули тамаддуну фарҳанги хеш, таҳаммулгароӣ ва мусолиҳакории ифтихормандаш тавонист сулҳпарвару сулҳхоҳ будани худро ба исбот расонда, зери парчами ваҳдату ризоият гирди ҳам ояд.

Аз ба имзо расидани санади таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли ҷорӣ 20 сол сипарӣ мегардад. Ин санаи таърихӣ таҷассумгари сулҳу ваҳдат буда, гувоҳи тинати поку сулҳпарвар доштани мардуми бофарҳанги тоҷик мебошад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, паёмовари воқеии сулҳро дар он рӯзҳои ниҳоят душвор самимона дастгирӣ намуданд. Боиси шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонд. Айни замон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун сабақи таърихӣ барои расидан ба сулҳ ва пойдории он дар баҳамоии қавму мазҳаб, муноқишаҳои қисме аз кишварҳои рӯйи олам истифода мебаранд. Сулҳи тоҷикон барои ҳар сокини солимфикри кишвар азизу гиромӣ буда, пойдору устувор нигоҳ доштани он вазифаи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар суханронии худ соли 2015 қайд карданд: «Ба шумо, фарзандони азиз, низ муроҷиат менамоям, ки низоъҳои имрӯза бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ паҳн шуда, боиси шиддат гирифтани бархӯрдҳои фоҷиабор дар ҷаҳон гардида истодаанд. Чунин вазъ аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос зираку масъулиятшинос будан ва ба қадри Ватан расиданро тақозо менамояд. Ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед. Фарзанде, ки худотарсу савобҷӯ мебошад, бояд ба ризоияти падару модар кор кунад ва аввал дуои онҳоро гирад. Вале вақте ки фарзанд аз иродаи падару модари худ саркашӣ карда, ба ихтиёри худ ба ҳар гуна созмонҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад ва боиси сархамиву хиҷолати волидайн мегардад, аз зиндагии худ ҳеҷ гоҳ баракат намеёбад».

Мутаассифона, имрӯз ҷавононе ёфт мешаванд, ки ғайриқонунӣ ба равияву созмонҳои мамнӯъ шомил шуда, барои ҷиҳод кардан ба хориҷи кишвар ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона азм менамоянд.

Сокини 26-солаи ноҳияи Бохтар, Ҷамоати деҳоти Бохтариён, деҳаи Навобод Бобоев Маҳмадсолеҳ Саъдихоҷае-вич яке аз чунинҳост. ӯ мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия рафта, ҳамроҳи амакаш Бобоев Саадхӯҷа дар бозори «Таганский ряд»-и шаҳри Екатеринбург дар нуқтаи фурӯши пардаҳои аврупоӣ ба савдо машғул шудааст. Соли 2014 бо ҳамроҳии бародарон Акимов Акмал ва Акимов Акбар, ки сокинони шаҳри Душанбе буданду чанд сол пеш ба шаҳри Екатеренбург омада шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул намуда буданд, шиносоӣ пайдо карда, дар вақтҳои берун аз кор бо ҳамроҳии онҳо ба воситаи телефони мобилии онҳо наворҳои видеоии ҷанги аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», ки сарвараш Абӯ Бакри Ал-Бағдодӣ буд, тамошо мекардаанд ва Акимовҳо ҳангоми вохӯрӣ ва суҳбат ба ӯ пешниҳод намуданд, ки ҳамроҳи онҳо барои барпо намудани Хилофат, дар сафи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ба Сурия равад.

Ҳангоми дар он ҷо буданаш ӯ ба воситаи телефони мобилии тамғааш "Эйч-тиси" ба шабакаҳои интернетии "Вайбер", "Ватсап" ворид шуда, ҳар гуна видеонаворҳоро оид ба муҳорибаҳои ҷангӣ дар ташкилоти террористии "'Давлати исломӣ" тамошо кардааст. ӯ бо яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломӣ" бо номи "Идрис", ки шахсияташ номуайян мебошад, шиносоӣ пайдо намуда, ба худ тахаллуси "Аҳмад'"-ро интихоб намуда, ҳамарӯза бо ӯ муошират кардааст. "Идрис" бошад дар навбати худ ӯро барои ҷиҳод намудан даъват карда, иброз намудааст, ки ҷиҳод намудан дар роҳи ислом ба ҳар як мусулмон фарз аст. Ҳамзамон "Идрис" ӯро ба шомил шудан ба ташкилоти "Давлати исломӣ" тарғиб намуда, мақсади "Хилофат" барпо намуданро таъкид карда ба гурӯҳашон даъват кардаанд. Баъди бо мақсад ва ғояҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломӣ" шинос шудан, ӯ онҳоро қабулу ҷонибдор намуда, мақсади ба Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст. 12 феврали соли 2017 Маҳмадсолеҳ соати 3-и шабона аз назди ду фарзанд ва ҳамсараш, ки хоб буданд, пинҳонӣ баромада, тавассути ҳавопаймои хатсайри "Москва-Кишинёв-Истамбул" хоҳиши ба давлати Туркия парвоз карданро намуда, ба шаҳри Кишинёв парвоз кардааст, ки худи хамон рӯз дар фурӯдгоҳи шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешавад, ки ӯ барои содир кардани чунин кирдораш бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ба муҳлати 13 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуд. Дар маҷлиси судӣ М. Бобоев хато будани кирдори содиркардаашро дарк намуд ва содиқ буданашро ба Ватану миллат изҳор дошт, вале пушаймонӣ суд надорад.

С. МУҲИДДИНЗОДА,
муовини раиси Суди вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ

13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />
15:3410 феврал

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Ваҳдат ва сулҳу ризоияти миллӣ аз унсурҳои бунёдии таърихи сиёсии тоҷикон ва рушди асосҳои суботи ҷомеа ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Халқи тоҷик бо такя ба ғановати ҷаҳоншумули тамаддуну фарҳанги хеш, таҳаммулгароӣ ва мусолиҳакории ифтихормандаш тавонист сулҳпарвару сулҳхоҳ будани худро ба исбот расонда, зери парчами ваҳдату ризоият гирди ҳам ояд.

-->
Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон
&h=55&w=75&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Сиёсат, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш