Дар як сатр
» » Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

9-06-2017, 15:07

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»


Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон то санаи 5 июни соли 2017 кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 304 ҳазору 152 гектар кишти зироатҳоро гузаронидаанд, ки ин 103%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Равшан Қаландаров, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, бо тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, инчунин, то имрӯз дар вилоят дар майдони 140 ҳазору 237 гектар кишти баҳорию тирамоҳии ғалладонагиҳоро гузаронидаанд, ки ба 104,9%-и иҷроиши дурнамо баробар аст. “То имрӯз дар вилоят, тибқи маълумоти фаврӣ, ғалладонагиҳо дар майдони 25449 гектар дарав шудааст, аз ҳамин шумор ҳосили майдони 18 ҳазору 332 гектар кӯфта шудааст. Ҳосили ҷамъоваришудаи ғалладонагӣ, яъне гандум ва ҷав 71010 тоннаро ташкил медиҳад. Аз майдони 7375 гектар 220 ҳазору 244,5 тонна ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардидааст. Аз ҷумла, 170531 тонна пиёз, 25 ҳазору 897,9 тонна сабзӣ, 6140,8 тонна бодиринг, 3640,5 тонна помидор, 7711 тонна ҳосили карам, 6160 тонна ҳосили дигар навъи сабзавот, 162,5 тонна қулфинай, 35808,5 тонна ҳосили картошка, 1248 тонна полезиҳо, 6897 тонна ҳосили мевагиҳо ҷамъоварӣ шудааст”, - хабар дод Р. Қаландаров ва афзуд, ки ҷамъоварии ҳосил бомаром идома дорад.

Кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон, тибқи дурнамо, дар майдони 90476 гектар бояд анҷом дода шавад. То имрӯз дар майдони 2769 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи ...

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ