Дар як сатр
» » Ҷайҳун: мулоқоти ҷавонони фаъол бо сарбозони сарҳадбон

Ҷайҳун: мулоқоти ҷавонони фаъол бо сарбозони сарҳадбон

9-06-2017, 14:56

Ҷайҳун: мулоқоти ҷавонони фаъол бо сарбозони сарҳадбон

Дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии 45 нафар ҷавонони фаъол бо сарбозони қисми низомии 26-10-и дидбонгоҳи №2-и ба номи Самахвалови Сарраёсати ҳифзи сарҳадоти КДАМ баргузор гардид.

Ба иттилои С. Сатторов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷайҳун, ин мулоқот, ки дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Соли ҷавонон сурат гирифт, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ороста шуд.

- Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои сарбозон дастурхони идона густурда шуд, - зикр кард С. Сатторов. – Инчунин аз ҷониби ҷавононе, ки ба вохӯрӣ омада буданд, барои сарбозон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва сабқатҳои варзишӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар қасри фарҳанги ноҳия ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода ба 50 нафар кӯдакон ва аз номи кормандони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ноҳия ба 5 кӯдаки имконияти ҷисмониашон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо
Восеъ. Ҳадяҳо ба сарбозон

Восеъ. Ҳадяҳо ба сарбозон

Хабарҳо
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният