Дар як сатр
» » Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

12-01-2015, 20:22

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст


Таҳаввулу таназзули иқтисодию иҷтимоии кулли арсаҳои мавҷудаи вилояти Хатлон дар соли рафта ахиран дар ҳузури раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои музофот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронии таҳлилӣ изҳори ташвиш намуд, ки дар баробари дастовардҳои сершумор, дар аксари соҳаҳо камбудӣ низ кам нест.

- Соли 2014 меҳнаткашони вилоят ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил шуда бошанд ҳам, вале онҳо ҳанӯз дархӯри талаботи кунунии Ҳукумати ҷумҳурӣ нестанд, - гуфт раиси вилояти Хатлон. - Ба мураккаб гаштани вазъи иқтисодӣ дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон нигоҳ накарда кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки бо истифода аз захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти вилоят дар сатҳи пешбинишуда таъмин карда шавад. Яъне дар ин давра маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2013 724 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 106 фисадро ташкил дод, ки ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 3962 сомонӣ рост меояд.

Соли мозӣ барои ғанигардонии қисми даромади буҷети маҳаллӣ ҳам соли бобарор буд. Дар натиҷаи матраҳи тадбирҳои дарёфти манбаъҳои нави андозситонӣ имконият пайдо гардид, ки иҷрои нақшаи буҷет босифат таъмин карда шавад. Дар натиҷа, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 113 дарсад ва бо назардошти қабули буҷети иловагӣ 106 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 650,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 75 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2013 169 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин аст, ки дар тӯли солҳои охир аввалин маротиба имкониятҳои молиявии қонеъкунанда пайдо шуд, то корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намоянд.

Дар ибтидои соли 2014 барои дарёфти манбаъҳои нави андозситонӣ амри раиси вилоят ба тасвиб расида, дар асоси он сохторҳои зирабти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, азнавбаҳисобгирии тамоми субъектҳои хоҷагидориро таъмин намуда, зимнан, кӯшиш намоянд, ки нақшаи андозҳо то 130 дарсад таъмин бигардад. Шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Сарбанд, Шӯрообод, Ховалинг, Муъминобод ва Ёвон иҷрои супориши мазкурро таъмин карда, маблағҳои барзиёд ҷамъоваригардидаро барои ободонии шаҳру ноҳияҳо равона карданд. Аз рӯйи маълумотҳо, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шӯрообод, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Носири Хусрав, Фархор, Темурмалик ва Восеъ андозситонӣ аз ҳисоби соҳибкорон нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят дар ҳолати паст қарор дорад. Дар вилоят маблағи қарзи бақияпулиҳои андоз 126,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 33,1 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, барои пешгирии афзоиш ва кам кардани он тадбирҳои таъсирнок низ амалӣ гардида истодаанд. Соли 2014 кормандони соҳаи андози вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 629 қарори маҷбуран ситонидани андозҳоро нисбат ба субъектҳои аз андоз қарздор ба маблағи 54,1 миллион сомонӣ қабул намуда, иҷрои 407 қарорро таъмин карданд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 34,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Дар садади корҳои анҷомёфта бояд гуфт, ки ҳарчанд барои иҷрои нақшаи андоз имкониятҳо хеле ҳам зиёд буданд, лек шаҳру ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Фархор ва Панҷ иҷрои нақшаи андозҳоро бо дермонии ҳармоҳа таъмин намуданд. Дар ноҳияҳои Муъминобод се намуд, Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ ду намуд ва Бохтар, Қубодиён, Қумсангир, Восеъ, Фархор, Балҷувон, Ҷиликӯл якнамудии андозҳо таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети ноҳияҳои номбурда 10,9 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид. Илова бар ин, нозироти андоз ва раёсати молияи на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои кам кардани бақияпулиҳои андоз ва иҷрои пурраи қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо истифода карда тавонистанд. Таҳлилҳо ҳокиянд, ки бештари бақияпулиҳои қарзи андоз ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар (28 миллион сомонӣ), Кӯлоб (11 миллион сомонӣ), Ёвон (8 миллион сомонӣ), Вахш (7,7 миллион сомонӣ), Фархор (7,6 миллион сомонӣ), Темурмалик (4,6 миллион сомонӣ), Ҷиликӯл ва Ҷалолиддини Румӣ (4,5 миллион сомонӣ) рост меоянд, зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳои номбурда барои кам кардани бақияпулиҳо чораҳои таъсирнок наандешидаанд. Зиёда аз ин, рафти иҷрои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо дар ноҳияҳои Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Хуросон, Ҷиликӯл, Вахш, Фархор, Данғара ва Носири Хусрав аз рӯйи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии мубориза бо коррупсияи вилоят, то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ комилан аз байн нарафтааст. Ҳамин тариқ, соли 2014 фаъолияти 339 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва хоҷагиҳои алоҳида мавриди тафтиш қарор дода шуда, ба маблағи 17,1 миллион сомонӣ истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, рӯйпушкунии адозҳо, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ошкор карда шуданд. Аз ин ҳисоб 12,8 миллион сомонӣ дар вақти тафтиш барқарор карда шуд, ки 75 фоизи маблағҳои ошкоршударо ташкил медиҳад. Аксари камбудиҳои молиявӣ дар ташкилоту идораҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Бохтар, Ҷ. Румӣ, Хуросон, Н. Хусрав, Восеъ, Шӯрообод ва Шаҳритус ҷой доштааст. Ҳамакнун барои андешидани чораҳои дахлдор 140 мавод ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ барои баррасӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидааст.

Соли сипаригардида аз ҳудуди вилоят 46,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир карда шуд, ки баробари 105 фоизи супориши тасдиқшуда мебошад. Ин, албатта, моро қаноатманд карда наметавонад. Бинобар ин соли 2015 барои ҳарчи бештар содир намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар омодагии ҷиддӣ бояд дид. Гуфтанист, ки ба фаровонии ҳосили соли сипаригардида нигоҳ накарда ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Балҷувон иҷрои супоришро таъмин карда натавонистанд. Биноан, ҳоло дар ҳудуди вилоят воридот нисбат ба содирот ду маротиба зиёд аст. Ин яке аз мушкилотест, ки дар соли 2015 мо бояд роҳҳалашро пайдо намоем.

Барои таъмини амнияти озуқавории кишвар истеҳсоли пурсамари картошка, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат аст, ниҳоят муҳим мебошад. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, соли 2014 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир накарда, дар маҷмуъ дурнамои истеҳсоли онро 87,3 дарсад таъмин намуда, нисбат ба соли пор 57 ҳазору 600 тонна истеҳсолро коҳиш доданд. Бояд гуфт, ки барои роҳ додан ба изофанависӣ дар самти истеҳсоли картошка 52 нафари масъул аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ, ки ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад, ин сол то сол бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Ҳарчанд солҳои охир аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба ин мақсад беш аз 16,9 миллион сомонӣ маблағ равона гардид, вале то имрӯз ҳолати мелиоративии 18,9 ҳазор гектар замини киштшаванда ташвишовар боқӣ мондааст. Иҷрои нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистона оид ба тоза намудани шабакаҳои обрасонӣ дар ноҳияҳои Вахш ҳамагӣ 8 фоиз, Ҷ. Румӣ – 2, Қумсангир – 8, Қубодиён – 7, Шаҳритус – 7, Бохтар – 1, Панҷ 11 фисадро ташкил дода, таъмиру барқарорсозии дастгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обрасонии соли 2015 дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ҳамагӣ 3 фоиз, Қубодиён – 5, Шаҳритус – 14, Ҷ. Румӣ – 18, Муъминобод – 25 ва Фархор 23 фоиз ба сомон расонида шудааст, ки нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят кам мебошад. Дар миқёси вилоят бо сабабҳои шӯр ва ботлоқшавӣ 1003 гектар, аз кор баромадани иншоотҳои гидротехникӣ 1385 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 245 гектар, азнавтаъмиркунии шабакаҳои обрасонӣ 475 гектар, нарасидани оби обёрӣ 1244 гектар, бинобар корҳои ғайри қаноатбахши хоҷагиҳо 2026 гектар, заминҳои фонди махсуси шаҳру ноҳияҳо 355 гектар, дар маҷмуъ 7110 гектар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷиликӯл, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Фархор аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ҳатто ягон зироати кишоварзӣ кишт карда нашуд. ¬Ғайр аз ин, 697 гектар киштзорҳои ноҳияҳои Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Кӯлоб, Восеъ ва Фархор дар натиҷаи баланд гаштани оби зеризаминӣ пурра аз гардиши кишоварзӣ берун монда, аз тарафи кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ба дигар гурӯҳи замин гузаронидани онҳо ягон чора андешида нашудааст. Ва танҳо 46 нафар истифодабарандагони чунин заминҳо ҳамагӣ 34 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанду халос.

Бо мақсади амалӣ намудани рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Шӯрообод, Қубодиён, Қумсангир ва Ховалинг корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, пас аз анҷоми сухани таҳлилии хеш омилҳои роҳ ёфтани камбудиҳои болозикрро аз раисони навоҳии Восеъ, Қумсангир, Панҷ, Балҷувон, А. Ҷомӣ, Ҷиликӯл, Фархор ва садорати раёсатҳои андоз, молия, амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва туризм ҷуё шуда, ишонро муваззаф намуд, то ноҷӯриҳои соҳаҳояшонро дар кӯтоҳмуддат рафъ намоянд. Ва зимнан афзуд: «Дар вилояти Хатлон воситаву имкониятҳои суръатбахшандаи рушди иқтисодиёт ва ҳамзамон беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёд мебошад. Дар ин ҷода аз роҳбарони ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фақат дасту дили гарм ва масъулиятшиносии воқеӣ тақозо мегардад».

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Сиёсат, Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат