Дар як сатр
» » Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

9-06-2017, 14:48

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ


3-юми июни соли равон ноболиғи 14-сола Тоиров Шодӣ Файзуллоевич, сокини деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш қоидаҳои шиновариро риоя карда натавониста, дар канали назди манзили зисташон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Собирҷон Собиров, муовини командири гурӯҳи дуюми дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, хабар дод, ки ин ноболиғ рӯзи 3 июни соли 2017 соати 13:30 дар канали номбурда ғарқ шуд. Кормандони ситоди мазкур ҷасади ноболиғ Шодӣ Тоировро соати 17:40 50 метр дуртар аз ҷойи ғарқшудааш пайдо намуда, ба наздиконаш супориданд.

Чунин ҳодисаи маргбор чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ рух дода буд, ки дар натиҷаи он духтараки хурдсол ба ҳалокат расид. Манбаъ нигаронӣ аз он кард, ки аз аввали соли равон дар кӯлу дарёҳо ва каналҳои вилояти Хатлон 12 нафар сокинон ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд ва 5 нафари онҳо ноболиғ мебошанд.

Тибқи иттилои ситоди мазкур, соли гузаш-та дар вилояти Хатлон 46 нафар дар кӯлу дарёҳо ва каналҳои вилоят ғарқ шудаанд, ки 30 фоизи онҳоро ноболиғон ташкил медоданд. “Сабаби бештари ғарқшавии ноболиғон, ин беназорат мондани кӯдакон аз ҷониби волидони онҳо мебошад”, - гуфт С. Собиров. Вале Умеда Азизова, сокини 46-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ки агар як сабаби ғарқ шудани кӯдакон дар дарёҳо беназорат мондани волидон бошад, сабаби дигар, кам будани ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва, умуман, дар вилояти Хатлон аст.

Мавсуф афзуд, ки дар як шаҳри калон танҳо 2 ҳавзи шиноварӣ ҳасту халос, пас, сокинон, бахусус кӯдакону наврасон, дар ин гармои шадиди Қӯрғонтеппа ба дарёҳо шитоб намуда, аз беэҳтиётӣ ғарқ мешаванд. “Хуб мешуд, ки масъулони идораҳои дахлдор сари ин масъала, яъне бунёди ҳавзҳои шиноварӣ ва дастрасии он ба кӯдакону наврасон, чораҷӯӣ намуда, ба ин васила аз эҳтимоли ғарқшавии онон дар дарёҳо пешгирӣ намоянд”, - гуфт Умеда Азизова.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология
1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА