Дар як сатр
» » «Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

8-06-2017, 10:26

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

Иброз доштанд мардуми шарифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-ӯро ёд бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод,

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,

Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.


Оре, ин мисраъҳои рӯҳбахшу пурсуду пурмазмуни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери лаб аъзои «Корвони маърифат» рӯ ҷониби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оварданд. Раҳораҳ дар баробари сухан овардан аз дастовардҳои 20-соли Ваҳдати миллӣ, адибон зери роҳбарии устод Ҳақназар Ғоиб аз ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пораҳо қироат намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вуҷудаш накӯкорӣ, бахшидану ободгароист, ин орзую омоли Шоҳи Ҳамадонро дар ин самт амалӣ намудааст.

Воқеан, таҳаммулу бахшидан, авфи гуноҳ намудану сабурӣ пеша кардани Роҳбари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки давлату миллат аз вартаи нестӣ раҳо ёбад. Имкон фароҳам овард, ки муҳоҷирони иҷбории ҷанги таҳмилӣ ба ватан бозгарданд. Вайронаҳо ободу Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду нумӯъ кунад. Ва муҳим аз ҳама, таҷрибаи сулҳоварии Роҳбари хирадманди мо имрӯз мавриди омӯзиши давлатҳои мутараққии ҷаҳон гаштааст. «Корвони маърифат» низ ба ифтихори 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ аз самараҳои неки ин дастоварди арзишманди миллату давлат ба шумор меравад.

Воқеан, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияе, ки номи яке аз шахсиятҳои бузургро ба худ гирифтааст, ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мағз андар мағзи осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро васфи инсон, баланд бардоштани манзалату мартабаи ӯ, ҳимояи манфиатҳои вай, таъкиди мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар фард, эҳтироми зан-модар, таълиму тақвияти суннатҳои фалсафию ирфонӣ, худшиносию худогоҳӣ ва роҳу тарзҳои тарбияи ахлоқиро ташкил медиҳад, «Корвони маърифат»-ро ба омодагиҳои ҳамаҷониба пазироӣ карданд. Чун анъана «Корвони саломатӣ" ба аҳолии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев хизмати ройгони тиббӣ расониданд. Мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияи иттилоотӣ, намоишномаҳои театрӣ, мулоқот бо адибону шоирон, мулоқоти модарон бо сарбозон, озмунҳо миёни падару модарон, вохӯриҳои судманд бо мақсади пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин чорабиниҳои иттилоотию ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ хотирмон доир гардид.

Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии «Хоксор», воқеъ дар деҳаи Меҳвари Ҷамоати деҳоти «Чубек» бо ширкати ҳунармандони ансамбли «Фалак» базми идона барпо гардид. Деҳқонон аз ҳунари волои санъаткорон як ҷаҳон ғизои маънӣ бардоштанд. Пас аз анҷоми чорабиниҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории «Корвони маърифат» баррасӣ ва ҷамъбаст гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Бобоҷон Саидов ба роҳбарияти ноҳия барои ширкати фаъолонаи аҳолӣ дар чорабиниҳои доиргардида, изҳори сипос намуд.

Раиси ноҳия Қодир Вализода зимни ҷамъбасти чорабинӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуда, арз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоварад, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои ифротгаро кам шуда, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
«Корвони маърифат» дар Балҷувон

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ