Дар як сатр
» » Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

8-06-2017, 08:14

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

«Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд».

Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар боғи марказии фароғатӣ - фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намоиши гулҳо ва мусаввараҳои кӯдакону наврасони мактабу боғчаҳои миқёси вилоят манзури тамошочиён гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Шодӣ Мусозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ҳузур доштанд. Меҳмонон пеш аз оғози чорабинӣ аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳунари хонандагон баҳои баланд доданд.

Муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз номи раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамаи кормандони ҳифзи муҳити зист ва иштирокдоронро ба муносибати 5 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист табрик намуда, иброз дошт, ки саҳми кормандони ин идора дар беҳдошти вазъи экологии вилоят беандоза аст.

Зикр гардид, ки кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар ин рӯз иди касбии худро қайд мекунанд. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз “Муроҷиатномаи Ментовӣ” ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. “Муроҷиатнома”-и мазкур дар таърихи 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия - шаҳри Стокголм конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Дар идома ба сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, роҳбарони идораҳои ҳифзи табиат дар ноҳияҳои Панҷу Шаҳритӯс ва як қатор кормандони соҳа Ифтихорномаи раиси вилоят тақдим гардид.

Табиатро модари башарият унвон медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати Замин, об, ёдгориҳои таърихию табиӣ, ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, вазъи экологии ҷаҳони имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бармаҳал ҷустуҷӯ карда шавад, инчунин ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набошад, балки дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш аз саҳми Роҳбари давлат дар беҳдошти вазъи экологияи кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт: “Саҳми Пешвои миллат дар ободонии ватанамон беназир аст. Итминони комил дорам, ки ҷавонон ва ҳар як сокини мамлакат дар пайравӣ аз Пешвои миллат дар кабудизоркунию ободонӣ, тозагии санитарию хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишварамон фаъ-олтар гашта, табиати Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии хешро нишон медиҳанд”.

Сипас, ба кормандони фаъоли Раёсати ҳифзи муҳити зист Ифтихорномаи комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят бо акси Пешвои миллат тақдим гардид.

Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар дар навбати худ зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳифзи табиатро ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилию тарбиявӣ таҷлил менамояд. Соли равон 45-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар арафаи 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва баргузории чорабиниҳои Соли ҷавонон қайд мегардад. “Дар доираи омодагиҳо ба ин чорабиниҳои муҳими миллию байналмилалӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади таъмини амнияти экологии мамлакат, беҳдошти муҳити зист, тарбия ва маърифати экологӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон корҳои муайяне амалӣ гардонида истодааст. Яке аз чорабиниҳои омодагӣ ба ин ҷашн гузаронидани озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб рафта, чун анъана ҳар сол дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва таъмини Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 татбиқ мегардад”, - афзуд ӯ.

Озмуни имсола байни хонандагон дар мавзӯи “Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст” эълон гашта буд, ки мақсади асосии он ташвиқу тарғиби қабули ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ мебошад.

Дар ин ҳамоиш озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаҳои 1, 2 ва ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар охир баҳри ҳозирин барномаи фарҳангии ҳунар-мандони Раёсати фарҳанги вилоят пешкаш гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар ...

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019

Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА