Дар як сатр
» » Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

8-06-2017, 10:12

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилоят ширкат варзиданд.

Мавриди қайд аст, ки госпитали мазкур аз таҳкурсӣ сохта ба истифода дода шуда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Дар саҳни бинои Госпитали шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода ва вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ, собиқадорони милитсия ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ доир намуда, ҳозиринро бо фарорасии 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд.

Раиси вилоят зикр кард, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ, ин санаи таърихӣ ва дастоварди беназир, бо фидокориву заҳматҳои зиёди фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бохираду фарҳанги волои сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст.

- Дар ин радиф, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ваҳдати миллӣ бо ҳам алоқаман-дии ногусастанӣ доранд, - афзуд Д. Гулмаҳмадзода. - Зеро саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар барқарорсозии сулҳу истиқрори миллӣ назаррас буда, мақомоти милитсия тӯли ин солҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун такягоҳу сипар ва муҳофизатгари боэътимоди ин давлат, ки ӯро ном Тоҷикистон аст, табдил ёфт.

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

- Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъи ҷамъиятиву сиёсиро дар Тоҷикистон ба куллӣ тағйир дода, имкониятҳои истифодабарии дастовардҳои истиқлолияти миллиро фароҳам овард ва боварии мардумро ба ояндаи нек ва зиндагии осоишта афзуд, - зикркард кард вазир Р. Раҳимзода. – Ҳамзамон, дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд омадани зуҳуроти нави ҷинояткорӣ ва ҷаҳонишавии онҳо мо - кормандони милитсияро осуда намегузорад ва зарурати кашфи роҳу усулҳои нави мубориза ба муқобили ин кирдорҳои номатлубро ба миён овардааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони Госпитали шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Бахшида ба таҷлили Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин вохӯрии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо афсарону сарбозони қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст, раиси вилоят ва вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизмат ва фаъолияти афсарону сарбозони ин қисми низомӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода афсарону сарбозони ин қисми низомиро ба муносибати эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, барояшон файзу таровати зиндагӣ, нишоту хуррамӣ ва дар иҷрои масъулияти базиммадошта комёбиҳои беназир таманно кард.

Вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода зикр намуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Зимни баромад вазир қайд кард, ки сол аз сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва авҷи тараққиёти иқтисодиёту саноат ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.

- Имрӯз биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойи хобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, - идома дод Р. Раҳимзода, - беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд.

Дар доираи сафари кории вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Хатлон ҳамзамон, мулоқоти ӯ бо кормандони ҷавони милитсия, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва фаъолони вилояти Хатлон дар толори Раёсати ВКД дар вилоят баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ як зумра ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и вилоят баромад намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллат нисбати ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо зоҳир менамоянд, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон мебошад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон изҳор доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дасгирӣ намуда, баҳри пешрафту тараққиёт, корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин миллату давлат ҳиссаи хешро мегузоранд.

Н. МУСТАФО


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Бозсозии биноҳои ШВКД дар Бохтару Вахш

Бозсозии биноҳои ШВКД дар Бохтару Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазир кай ба Хатлон меояд?

Вазир кай ба Хатлон меояд?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА