Дар як сатр
» » Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

6-06-2017, 13:53

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат


Бист сол муқаддам 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи ба ҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст ва мо ҳар солонро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро дар натиҷаи халалдор гардидани иттиҳоди миллӣ ва авҷ гирифтани мухолифатҳои дохилӣ гузаштагони мо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлату давлатдории бузурги худро, ки дар таърих бо номи давлати Сомониён машҳур аст, аз даст дода буданд.

Бо ҳукми тақдир ормони беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон дар интиҳои асри ХХ амалӣ гардид ва мо аз нав соҳиби давлати мустақили худ шудем. Вале, мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоламон бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва пора гардидану аз байн рафтани давлати тоҷикон дар пешорӯи таърихи навинамон қарор гирифта буд. Хушбахтона, бо андешидани тадбирҳои хирадмандона ва талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд ва баъди музокироти сангину тӯлонии зиёд оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор намудем, ки имсол аз он айём бист сол сипарӣ гардидааст.

Бист сол инҷониб мо ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар ҳақиқат, оғози марҳалаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон мебошад, таҷлил мекунем. Халқи тоҷик аз азал соҳиби андешаи баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буд ва роҳи ҳамдигарфаҳмию сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии ин миллати куҳанбунёд мебошад.

Имрӯз боиси сарафрозии бузург ва ифтихормандии ҳар як фарди бонангу номуси тоҷикистонист, ки сулҳу суботи комили мо боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи кишвари соҳибистиқлоламон ва нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додаанд.

Албатта, расидан ба ин рӯзҳои орому пурсаодат ва таъмин кардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти вазнини ҷониву молӣ ва машаққату маҳрумиятҳои сангини маънавӣ муяссар гардидааст. Роҳи сулҳ бароямон роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлол буд. Тоҷикистони азиз ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз рӯ ба рӯ гардида, оқибат, осоишу амнияти кишварро таъмин намуд.

Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро саривақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд.

Барои мо муҳим аст, ки бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан боиси ифтихор ва ҳамзамон ба қадри ин неъмати бебаҳо - Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти бузург мебошад. Зеро, тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронии худ таъкид карда буданд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки, яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

Дар марҳалаи кунунии рушди Тоҷикистон тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи сулҳу амният, оромиву осудагӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, худшиносӣ ва омӯзишу пос доштани таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ, инчунин, дастовардҳои беҳтарини тамаддуни башарӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус дар назди Ватан-Модар аст. Барои ҳифз ва таҳкими ин бинои сулҳу амонӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст талаб карда мешавад, ки бо ақлу хиради солим, донишу таҷриба, азму иродаи қавӣ ва меҳнати созандаву бунёдкорона дар ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон саҳмгузор бошад.

Бинобар ин, сулҳ барои мардуми тоҷик баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост ва аз ин рӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир ва нодир ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд. Инчунин, вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст. Зеро фақат ҳамин тариқ мо роҳи худ-ро ба сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома бахшида, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошта метавонем ва дар шароити пурихтилофу пуртаззоди ҷаҳони имрӯза фақат симо ва мақоми арзандаи худро нигоҳ дошта метавонем.

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус кормандони мақомоти прокуратура тақозо карда мешавад, ки зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, неруи тахассусиву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи риояи қонуният баҳри рушди ҳарчи беҳтар ва бештари ватани азизамон равона созанд.

У. ПУЛОДӢ,
прокурори ноҳияи Восеъ,
мушовири адлияи дараҷаи 1



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо