Дар як сатр
» » Навгониҳо дар «Гулвард»

Навгониҳо дар «Гулвард»

5-06-2017, 09:41

Навгониҳо дар «Гулвард»

ҶДММ «Гулвард» яке аз корхонаҳои муваффақи истеҳсоли қолинҳо ва дигар ҳунарҳои миллӣ мебошад, ки се сол қабл дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Қолинҳо аз маҳсулоти хоми ватанӣ, ки асосан аз пашми гӯсфанд аст, дар дастгоҳҳои одӣ, бо усули эронӣ бофта мешаванд. Барои омӯхтану тарзи тайёр кардани ин ҷиҳози серхаридор аз шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон устои касби худ Яъқуб Семсорӣ даъват шудааст, ки ба занону духтарон нозукиҳои ҳунарро омӯхта истодааст.

-Дар Эрон кам занонеро вохӯрдан мумкин аст, ки бе меҳнат рӯз гузаронанд, - гуфт Яъқуб Семсорӣ. Ҳунари дастӣ, аз ҷумла қолинбофӣ зиндагии ононро ба маротиб хубу шоиста медорад. Акнун мехоҳам занони тоҷик ҳам, ки дар деҳот бештарашон хонанишинанду аз ҳисоби сарони оила рӯз мегузаронанд, соҳиби касб гардида, ба хотири беҳдошти зиндагиашон кору фаъолият намоянд. Орзу дорам қолинҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байнал-милалӣ ва талаботи харидорони бозори ҷаҳонӣ тайёр намуда, аз номи Тоҷикистон ба дигар давлатҳо интиқол дода шавад, зеро дар андак муддате инҷоям, эҳсос кардам, ки занону духтарони тоҷик басо хушсалиқаву хушзеҳн ва чолоканд дар ҷодаи касбазхудкунӣ. Бофтани қолинҳо бо усули эронӣ бошад, агар андак зеҳн дошта бошӣ, хело осон асту рафти кораш басо шавқовар. Боварӣ дорам, дере нагузашта қолинҳои бофтаи занону духтарони тоҷик бо ин ҳама ҳушмандию завқи беандоза, ки доранд, бозори қолинҳои хушсифатро зеб хоҳад дод.

Соҳибкор Ёрмуҳаммад Гулов дар суҳбат зикр намуд, ки солҳои аввали фаъолияти корхона ришта барои бофтани қолини аълосифат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, рангро бошад, аз Туркия ва дигар давлатҳо бо нархи гарон харидорӣ менамуданд, ки ин арзиши аслии маҳсулотро хело баланд мебардошт ва дар муқоиса бо нарху навои бозор қолинҳо хело гаронарзиш буданд. Барои ҳамин харидори доимӣ набуд. Акнун ин мушкилот ҳалли худро ёфт. Бо дастрасии таҷҳизот ва навовариҳо дар истеҳсолот ришта ҳам дар ҳамин ҷо истеҳсол мешавад, рангро ҳам худашон тайёр менамоянд. Ин навгонӣ имкон медиҳад, ки дар оянда самти фаъолияти корхона васеъ шаваду шумораи коргарон низ зиёд гардад. Ҳамзамон ин мақсади асосии соҳибкори муваффақ дар деҳот мебошад.

Дилафрӯзи Ҳайдар


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ҶСК «Трансформатор» ба 2,5 миллион сомонӣ сармоя ниёз дорад

ҶСК «Трансформатор» ба 2,5 миллион сомонӣ сармоя ниёз дорад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА