Дар як сатр
» » Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

3-06-2017, 09:53

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид


«Суруди аввалине, ки багӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои охирини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад».

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН


Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон, фестивал-озмуни вилоятии «Алла – ифшогари орзуҳои модар» баргузор гардид.

Дар ин фестивал-озмун, ки дар толори Донишкадаи энергетики Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, баргузор гардид, бонувони алласаро аз кули шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд. Иштирокдорони ин озмунро бештар ҷавондухтарон ташкил медоданд. Ҷавонтарини штирокчии озмуни алласароён Шукронаи Ҷамшед аз ноҳияи Шаҳритӯс буд, ки бо садои хуш ва лаҳни ширини тоҷикона ҳунарнамоӣ кард.

Пеш аз шурӯи озмун иштирокчиён аз намоиши рӯйпӯшу дигар лозимиҳои гаҳвора дидан намуданд. Дар аввал, иштирокдорон ҳунари худро дар парпеч кардани кӯдак нишон доданд. Шартҳои дигари озмуни мазкур маҳорати баланди алласароӣ, матни пурмаънои таронаи “Алла” ва пӯшидани либоси миллӣ буд. Дар фестивал-озмун қариб ҳама иштироккунандагон фаъол буданд. Ҳайати ҳакамон озмунро ҷамъбаст ва ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, шоҳҷоизаи фестивал-озмун насиби намояндаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гулрӯ Сахиева гардид. Ҷойи аввал ба Шамъигул Расулова аз ноҳияи Фархор, Шукронаи Ҷамшед, аз ноҳияи Шаҳритӯс, Кенҷамоҳ Қурбонова аз Ховалинг, Сумбатой Азимова аз ноҳияи Вахш, Гулчеҳра Хоркашева аз ноҳияи Темурмалик мансуб дониста шуд.

Дар мавқеи дуюми фестивал-озмун Хосиятмоҳи Маҳрам аз ноҳияи Данғара, Меҳрангез Обидова аз Кӯлоб, Марҷона Ғуломова аз Қӯрғонтеппа, Ҳусноро Назарова аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Холдона Миралиева аз ноҳияи Дӯстӣ, Шукрона Ғаюрова аз ноҳияи Бохтар ва Матлуба Сафарова аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳайси беҳтаринҳо муаррифӣ гардидаанд.

Ҷойи сеюм насиби Сабринаи Абдулло аз ноҳияи Ёвон, инчунин Азизаи Ҳокимшоҳ аз ноҳияи Восеъ, Гулҷаҳон Мирзомуродова аз Хуросон, Махфират Маҳмадсаидова аз ноҳияи Носири Хусрав, Миҷгона Рамазонова аз шаҳри Сарбанд ва Гулноз Ятимова аз ноҳияи Қубодиён гардид.

Мақсад аз баргузории чунин фестивал-озмун, ба қавли сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода, омода намудани модарони ҷавон ва омӯзонидани онҳо ба нигоҳубини кӯдак, инчунин ҳифзи суннатҳои мардуми мо, ки бо садои ширини модар хобонидани тифл дар гаҳвора ва алласароӣ яке аз онҳост, мебошад.

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Диққати аҳли толорро садои хуш ва таронаи “Алла”-и сирф тоҷиконаи зани рӯзгордида Гулрӯ Сахиева аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҷалб кард. Дар суруди аллаи ӯ матни пур аз панду ҳикмат ва гаронбаҳотарин туҳфа барои инсон - фарзанд сароида шуд. Садои ин зан ҳамаро ба дунёи ширини кӯдакӣ бурд, ба он ҳад, ки ашки чашмони аҳли ҳамоиш ҷорӣ гардид. Аз ҳамин хотир, бо баҳогузорӣ аз тарафи ҳакамон Шоҳҷоизаи «Алласарои сол» дар вилояти Хатлон ба ин зан дода шуд.

Ба тамоми иштироккунандагон Сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тақдим гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА