Дар як сатр
» » Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

3-06-2017, 09:25

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Дар толори машваратии китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишии китобдорони минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Мавзӯи семинар ба яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир «Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ ва фаъол намудани китобхонаҳои анъанавӣ» бахшида шуд. Дар ин мавзӯъ маърӯза аз ҷониби директори китобхонаи оммавӣ вилоятии ба номи Ш. Шоҳини шаҳри Қӯрғонтеппа Тутинисо Юсупова пешниҳод гардида, мавриди тадқиқу таҳлил қарор гирифт.

Семинар бо сухани ифтитоҳии мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоиров оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ дар бораи ғамхориҳои беназири Ҳукумати Тоҷикистон нисбати рушди китобдориву китобшиносӣ андешаҳои хешро баён намуд.

Сипас, оид ба мавзӯи асосии семинар мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорию китобшиносӣ Тутинисо Юсупова, директори китобхонаи оммавӣ - вилоятии ба номи Ш. Шоҳин, Саймуҳаммад Обидов, директори китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб, Қосимова Розия, директори китобхонаи бачагонаи вилоятӣ ба номи Ш. Шоҳин, Қурбонгул Раҷабова, муовини директори китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин ва Абдураҳим Азимов, корманди китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб, суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми семинар ба иштирокчиён як қатор дастуру маслиҳатҳои муфиди амалию методӣ дода шуд.

Саймуҳаммад Обидов,
директори китобхонаи вилоятии
ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ