Дар як сатр
» » Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

12-01-2015, 17:51

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Дар китобхонаҳои вилояти Хатлон 60 ҳазору 900 номгӯи китоб дар шакли электронӣ сабт карда шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми январ, Бурҳониддин Раҷабов, сардори Раёсати фарҳанги вилоят, ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар доираи Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳо соли сипаригардида аз ҳисоби харҷномаи китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи қариб 37 ҳазор сомонӣ 14 адад компютер бо мизҳои корияш, 3 адад принтер, як факс ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд.

- Ин иқдом боис гардид, ки китобхонаҳои марказии як қатор шаҳру навоҳии вилоят шакли электронии теъдоди муайяни китобҳоро сабт намуда истодаанд, - афзуд Б. Раҷабов.

Манбаъ дар идома инчунин гуфт, ки дар як соли охир аз ҳисоби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 293 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи умумии 111 712 сомонӣ харидорӣ шудааст.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Ҳукумати электронӣ» ташаккул меёбад

«Ҳукумати электронӣ» ташаккул меёбад

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА