Дар як сатр
» » 25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

12-01-2015, 15:40

25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

171 маҳбусе, ки соли гузашта бар асоси қонуни афв аз муассисаҳои ислоҳӣ раҳо шудаанд, ба шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат карда, ду нафар аз онҳо бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ба иттилои Аслбӣ Дембегиева, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, аз ҷамъи 171 маҳбуси муроҷеъшуда 17 нафарашон зан будаанд.

- Ба як нафари афвшуда, ки сокини ноҳияи Ёвон мебошад, қарзи боимтиёз дода шуда, ба 167 нафар кӯмакпулӣ таъин карда шуд, - афзуд А. Дембегиева.

Манбаъ дар идома гуфт, ки ҳар яке аз 94 нафари раҳошуда аз маҳбасҳо ба андозаи 250 сомонӣ, ҷамъан 25700 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина дарёфт кардаанд.

Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар қаламрави вилоят наздики 3 ҳазор нафар бар асоси қонуни афв, ки бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи кишвар дар моҳи ноябри соли гузашта қабул шуда буд, ба озодӣ расидаанд.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо