Дар як сатр
» » Духтарони фаъоли ояндасоз

Духтарони фаъоли ояндасоз

1-06-2017, 14:49

Духтарони фаъоли ояндасоз

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Мизи мудаввари иштирокчиёни курси омӯзишии «Духтарони фаъоли ояндасоз» дар доираи Лоиҳаи «Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» ба ташкилоту муассисаҳое, ки роҳбариашонро занон ба уҳда доранд, баргузор гардид.

Ҳадафи барномаи «Духтарони фаъоли ояндасоз» дар доираи Лоиҳаи «Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» мусоидат ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Духтарони фаъоли ояндасоз

Нахуст, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, гуфт: «Ташкил намудани чунин барномаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ як амали зарурӣ ва саривақтист. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат ироа намуданд, ки барои духтарон ва занон квота ва имтиёзҳо ҷудо карда шавад. Механизми квотаҷудокунӣ дар давлатҳое, ки аз ҷиҳати сиёсати гендерӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, як таъсири мусбат расонидааст. Имрӯзҳо дар давлатҳои аврупоӣ иштироки занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сатҳи баланд таъмин карда шудаанд, ки пеш аз ҳама, он ҷо корро аз механизмҳои квотаҷудокунӣ сар карда буданд.

Курси омӯзишии «Духтарони фаъоли ояндасоз» дар доираи Лоиҳаи «Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» тӯли ҳашт моҳ давом кард. Ба барномаи мазкур 22 нафар занону духтарони фаъоли ноҳияи Балҷувон ҷалб шуданд. Баъди ба анҷом расидани барнома лоиҳаи 9 нафар духтарони фаъол дастгирӣ ёфта, онҳо соҳиби грантҳо гардиданд.

Духтарони фаъоли ояндасоз

- Қаноатманд ҳастам, ки духтарони ноҳияи Балҷувон дар як муддати кӯтоҳ барномаи мазкурро бомуваффақият хатм намуданд, - гуфт мушовири Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» Маърифат Шокирова. - Оид ба фаъолгардонии занони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Балҷувон духтарон саҳми арзишманди худро гузоштанд.

Дар ҷамъбасти Мизи мудавар аз ҷониби масъулин ба духтарон ва занон сертификатҳо супорида шуд.

Ф. ДАВЛАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Коргоҳи нав дар Сайроб

Коргоҳи нав дар Сайроб

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА