Дар як сатр
» » Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

26-05-2017, 09:23

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Роҳпаймоии ҷавонон ва доир намудани мусобиқаи велосипедронӣ таҳти унвони «Варзиш пайки дўстӣ» дар ноҳияи Темурмалик ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Корвони маърифат» рост омад.

Чорабиниҳо таҳти унвони «Корвони Маърифат» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Темурмалик хотирмон баргузор гашт. Бо ибтикори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаҳои гўштини миллӣ ва волейбол байни ҷавондухтарон дар Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ» диққати дўстдорони варзишро ба худ ҷалб намуд. Намоиши китобҳо, тамошои осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, намоиши асарҳои рассомони ноҳия дар маркази ноҳия сурат гирифт. Барномаи консертии ансамбли фалаки шаҳри Кўлоб ва намоиши барномаи театркунонидаи театри давлатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Бобоёнус ва Кангурт ҳаводорони зиёде пайдо намуд.

Намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ бо омодагиҳо доир гардид. Маҳфили «Оилаи беҳтарин», суҳбату вохўриҳо бо оилаҳои намунавӣ ва занону ҷавонон, ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, иштирокдоронро бо 6 ҷуфт оилаҳои намунавӣ ки собиқаи 40 то 50-солаи рўзғордорӣ доштанд, ошно намуд. Оилаҳои Маҳмадалиевҳо, Азимовҳо, Саъ-дуллоевҳо, Раҳмоновҳо, Ёрматову Гулаевҳо аз рўзгори пурнишоту бобаракати хеш қиссаҳо карданд ва ба ҷавонон панд доданд, ки ойини оиладорӣ беҳтарин муқаддасоти зиндагист ва тарбияи фарзандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, омўхтани илму ҳунар, ватанпарастӣ яке аз вазифаҳои аслии волидайн маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, дар «Корвони маърифат» чорабинии дигари хотирмон, мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷавонон, сокинони маркази ноҳия ба амал омад. Дар ин вохўрӣ бештар атрофи иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан рафт.

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Нотиқон изҳор доштанд, ки дар амал татбиқ гардидани қонунҳои мазкур имкон фароҳам меоваранд, ки фарзандонро дар роҳи омўзиши илму ҳунар, аз худ намудани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ тарбият намоем. Ҳамчунин дар ҷамъомад атрофи мавзўи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамагон 20-умин солгарди ин санаи тақдирсозро таҷлил менамоем, сухан рафт. Тавре ки зикр гардид, ваҳдати миллӣ бо заҳамоти шабонарўзии Роҳбари давлат ва сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи ин марди шариф ба даст омадааст. Азму талош, бедорхобиҳо, мулоқот бо мухолифин дар сангарҳои вазнин имкон дод, ки Тоҷикистон аз вартаи сангин раҳо ёбад ва сулҳи тоҷикон имрўз мавриди омўзиши донишкадаҳои ҷаҳонӣ гардид. Таърих гувоҳ аст, ки то ба имрўз расидани мардуми тоҷику тоҷикистонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёне намуданд, - зикр гардид зимни мулоқот бо ҷавонон ва сокинони ноҳияи Темурмалик.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ роҳбарони гурўҳҳои корӣ гузориш доданд. Тавре ки зикр гардид, аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят ва корвони саломатӣ беш аз 700 нафар сокинони ноҳия мавриди ташхиси табибон қарор гирифтанд. Ҳамчунин, зиёда аз 2000 варақаҳои иттилоотӣ, рўзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ ба аҳолӣ пешниҳод гардид. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти гурўҳҳои корӣ маслиҳатҳои муфид дод. Раиси ноҳияи Темурмалик ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирии бевосита ва таъсиси чунин як гурўҳҳои корӣ изҳори сипос намуд.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ