Дар як сатр
» » Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

25-05-2017, 09:31

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»


Дер боз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ҷавонону аҳли ҷомеаи ноҳияро шомил шудани як идда ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистию террористӣ ва пайвастани онҳо ба гурўҳҳои ҷиноятпешаю ифротгаро ба ташвиш овардааст. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматови ноҳия нисбат ба деҳаҳои дигар бештар осебпазир буда, аз ин русто беш аз 10 нафар ҷавонони гумроҳшудаю фиребхўрда дар сафҳои ДИИШ меҷанганд.

Бахши ҷавонони ноҳия ба маслиҳату мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ба мардум расонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” рўзи 22 май таҳти унвони «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм» аксияи сиёсӣ баргузор намуданд. Дар чорабинии мазкур беш аз 500 нафар ҷавонон дар даст шиору овезаҳои гуногун, аз қабили «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм», «Мо терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем», «Ҷавонон – муҳофизи дастовардҳои истиқлолият», “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат», «Ҷавонон - созандагони Ватан» ва ғайра аз маркази ноҳия роҳпаймоӣ карда, ба деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов раҳсипор шуданд.

Дар маркази деҳа бо иштироки ҷавонон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳолии деҳа, волидоне, ки фарзандонашон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил шудаанд, рўҳониён ва ғайра ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш дар қатори ҷавонон, инчунин фаъолони ноҳия баромад карда, ҳамагон дар баробари маҳкум намудани экстремизму терроризм, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки иддае аз волидон дар баробари он ки ба тарбияи фарзандон беэътиноӣ зоҳир менамоянд, бо муассисаҳои таълимӣ низ робитаю ҳамкории хуб надошта, ба таҳсилу либоспўшии фарзандон, бахусус духтаронашон эътибор намедиҳанд.

Ҷавонон зимни су-ханрониҳояшон ба сокинони деҳа муроҷиат намуда, қайд карданд, ки аз он сабаб барои ҳамоиш деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматовро интихоб кардаанд, ки он осебпазир аст. Мардуми деҳа тавассути ин ҳамоиш ва гуфтугузор бояд моҳияти сулҳу ваҳдатро амиқ дарк карда, алоқаи хешро бо муассисаи таълимӣ, аҳли ҷомеаю давлат мустаҳкам намуда, нисбати тақдири фарзандону пайвандонашон бетарафию бешарафӣ зоҳир накунанд. Фарзандон ҳам ҳушёрии зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду бо роҳи дониш андўхтану ҳунар ёд гирифтан, хизмат ба халқу Ватан дастоварҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд.

Азизи ФАТТОҲ,
ноҳияи Шаҳритуз



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ