Дар як сатр
» » Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон

Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон

25-05-2017, 09:07

Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон

Забоншинос ва рўзноманигор Эраҷ Давлатови 29-соларо имрўз на танҳо дар доираҳои илмии Кўлоб хуб мешиносанду эътироф мекунанд, балки ин олими ҷавон бо натиҷаҳои намоёни илмиаш сазовори эҳтиром гаштааст.

Забоншинос, рўзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2012), номзади илми филология Эраҷ Давлатов 15 майи соли 1988 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (соли 2011), ба ҳайси ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2015), саромўзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (аз 2015), ҷонишини декан оид ба корҳои тарбияи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика (2012-2013), котиби масъули маҷаллаи илмии «Паёми ДДК ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ» (2014-2015), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия (2015-2016) ва аз соли 2016 то инҷониб ҷонишини декан оид ба корҳои таълими факултаи мазкур шуда кор мекунад.

Эраҷ моҳи апрели соли ҷорӣ дар мавзўи «Тадқиқи забоншиносиии ономастикаи «Қасас-ул-анбиё»» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ намуд. Ў муаллифи ду китоб, як монография, 18 мақолаи илмӣ буда, зиёда аз 60 мақолаи марбут ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарогири мушкилоти ҷомеаро дар рўзномаҳои даврӣ ба табъ расонидааст. Айни замон дар мавзўи «Тадқиқи таърихӣ-забоншиносии номҳои ҷуғрофӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдасӣ зери роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Ҷумъахон Алимӣ ба таълифи рисолаи докторӣ машғул мебошад.

Аз Эраҷ пурсидем, ки чаро маҳз риштаи ономастикаро, ки як бахши илми забоншиносист, барои пажўҳиш интихоб кардааст. Ба ақидаи ў, номҳо ҷузъи асосӣ ва муҳими илми забоншиносӣ ба шумор рафта, маълумотномаю иттилооти гуногунрангу мухталифҷанбаи таърихиро аз қаъри асрҳо ба имрўзиён ошно месозанд. Аз ин сабаб, омўхтану мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додани номвожаҳои асарҳои таърихӣ ва мабдаи тавлиди (этимологӣ) онҳо барои инкишофу густариш ва ғанӣ гардонидани фонди луғавии забонамон аҳамияти калони илмиро соҳибанд.

- Тадқиқ намудану омўхтан ва аз нигоҳи хусусиятҳои забонӣ мавриди баррасӣ қарор додани номвожаҳо дар бою ғанӣ гардонидани фонди луғавии забон роҳи асосӣ ба шумор рафта, айни замон манфиатовар мебошад, - идома дод Э. Давлатов. - номҳои маҳал ё номҳои ҷуғрофӣ ва пайдоиши онҳо бо чандин воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ робитаи қавӣ дошта, ин унсурҳо боиси инкишофу густариши хазинаи (фонди луғавӣ) забони модариамон гардидаанд. Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки дар доираи рисолаи номзадии худ ба таҳлили забонии номҳои асари таърихӣ-ривоятӣ «Қасас-ул-анбиё» ва хусусиятҳои онҳо рў оварем.

Ба андешаи профессор Ҷ. Алимӣ, ки роҳбари илмии рисолаи Эраҷ мебошад, аз он ҷиҳат мавзўи таҳқиқоти шогирдаш муб-раму актуалӣ мебошад, ки дар тўли мавҷудият ва рушду инкишофи забон бори нахуст номҳои яке аз асарҳои таърихӣ-ривоятӣ «Қасас-ул-анбиё», ки таърихи тўлонӣ дораду то ҳол омўхта нашудааст, мавриди таҳқиқу таҳлили ҳамаҷонибаи забоншиносӣ қарор гирифт. Бинобар ин, зарурати интихоби мавзўи мазкур дар навбати аввал диққати муаллифро ба таъриху ташаккули номҳои асар, ки аз як ҷониб фонди луғавии забонамон ғанӣ бигардад, аз ҷониби дигар барои огаҳӣ пайдо намудан аз таърихи гузаштаи қавму миллатҳои гуногун, воқиф гаштан аз ҳаёти анбиё ва расму ойини эшон аз нуқтаи назари таърихию забоншиносӣ, махсусан номшиносии тоҷик, ба миён овард.

Омўзиши ҳамаҷонибаи номҳо дар асар ба Эраҷ Давлатов имкон дод, ки дар забон унсурҳои нави воҳидҳои луғавиро пайдо намояд, инчунин барои огаҳии бештар пайдо кардан дар бораи расму ойин, урфу одатҳо, қиссаву ривоят ва ҳодисаҳои таърихӣ роҳкушоӣ кунад. Ин воҳидҳои луғавӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти мавзўъҳои бахши этнолингвистикаю этносотсиолингвистикаи забон, дарки амиқу мукаммали расму оин, урфу одатҳо, қиссаву ривоёти мардумӣ ва ба истилоҳ “таърихи зинда”-и халқ кўмаки ҳамаҷониба намоянд.

Эраҷ Давлатов дар баробари анҷом додани рисолати омўзгорӣ ва пешбурди корҳои тадқиқотӣ, инчунин ҳамсар ва падари шоистаи ибрат низ мебошад. Ин оилаи ҷавон бо тифоқию ҳамдигарфаҳмии кулл, бо муомилаи неку хайрандешӣ, бо иштироки фаъол дар умури ҷамъиятию созандагии худ барои ҷавонони дигари даврон намуна буда метавонад.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст

ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА