Дар як сатр
» » Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

24-05-2017, 09:25

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)


Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, хонандагон дар синфхонаҳои фарсудаи пур аз чангу хок таълим мегиранд.

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Мактаби куҳнаву фарсуда, долонҳои шикастаю рехта, утоқҳои тангу торик, фаршаш аз гил, ки бо ворид шудан ба он бўйи намӣ ба димоғ мерасад.

Синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба ғайр аз мизу курсии фарсуда ва тахтаи синф чизи дигар надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҷойи нишаст ба ҳама намерасад ва баъзан як миз барои се нафар пешбинӣ шудааст. Дар ин дабистон 300 хонанда дар се баст таҳсил мекунанд. Вале новобаста ба ин ҳама шароити сангин омўзгорон дар ин мактаб бо таваҷҷуҳ ва ташаббуси зиёд фаъолият мекунанд. Аммо, бархе аз устодон аз шароити бади таълим хаставу дилгир шудаанд ва мехоҳанд мактабро тарк гўянд.

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Ҳукмат Холиқов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Балҷувон, дар суҳбат бо мухбири рўзномаи «Хатлон» иброз намуд, ки мо чандин бор ба идораю ташкилоти зиёде муроҷиат кардем, аммо натиҷа надод.

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

«Ҳангоми боришоти зиёди барфу борон, бинои мактаб торафт ташвишовар мешуд, аз болои сари хонандагон ба дохили синфхона оби борон чак – чак мечакид. Инчунин, мактаб дар ин муддати тўлонӣ ягон маротиба таъмири пурра нашудааст. Дар назди бинои мактаб як «ғор» воқеъ аст, ки рўз аз рўз ба мактаб наздик шуда, то мактаб ҳамагӣ 4 метр боқӣ мондааст. Барои пешгирии ин бояд чора ҷўст», - афзуд мавсуф.

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Ба гуфтаи Ҳ. Холиқов, директори муассисаи мазкур дар кадом вазъ қарор доштани бинои мактабро ҳама масъулон медонанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар бартараф кардани ин мушкили ҳавсала нишон намедиҳанд.

Пас, интизори посухи равшани онҳо мешавем...

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»


Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Мактаби Зелолак аз нав бунёд шуд (аксҳо)

Мактаби Зелолак аз нав бунёд шуд (аксҳо)

Хабарҳо, Маориф ва илм, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА