Дар як сатр
» » Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

24-05-2017, 09:08

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Дар арафаи Рўзи ҷавонон, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и шаҳри Қўрғонтеппа, сафари 120 донишҷўйро ба мавзеъҳои таърихии кишварамон ташкил диҳад, то онҳо бо фарҳангу таърихи миллату давлат ошноии бештаре пайдо кунанд.

Саёҳати фарҳангии ин гурўҳи донишҷўён аз рўйи хатсайри Қўрғонтеппа - Норак – Данғара бо мақсади шиносоии ҷавонон аз диёри зебоманзари кишвари худ, пайдо намудани дўстию рафоқат миёни ҷавонон, муттаҳидию ягонагӣ, огоҳӣ аз таърихи бойи мардумӣ арзёби мегардад.


Боздиди донишҷўён аз шаҳри Норак оғоз гардид. Шаҳри Норак дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳонӣ хориҷӣ мусоидат менамояд. Табиати хос, кўлу чашмаҳо ва оби ошомидании табобатӣ аз мавзеъҳои истироҳатӣ ҷолиби диққат буда, мавқеи махсусро дар рушди туризми кишвар ишғол намуда метавонад. Донишҷўён аз Китобхонаи минтақаи деҳаи Сабури шаҳри Норак, Майдони дўстӣ, Неругоҳи барқӣ-обии Норак, ки ба феҳристи 5 иншооти нодири саноатии ҷаҳон шомил аст, дидан карданд.

Самиалоҳ Бозоров, донишҷўйи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, қайд кард, ки боздид аз Неругоҳи барқи обии Норак орзуи деринаи ў буд, ки акнун амалӣ шуд.

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

- Бинед, чӣ қадар мавзеъҳои таърихӣ доштаем, метавонем аз ин ҷо рафта, миёни ёру рафиқон тарғибу фаҳмондадиҳӣ намоем, - гуфт Раҳима Навҷувонова, донишҷўйи ДЭТ, ки дар ин гурўҳи сайёҳон шомил буд.

Сипас, саёҳати донишҷўён ба ноҳияи Данғара расид. Ҷавонони шаҳри Қўрғонтеппа аз маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»- и ноҳияи Данғара, ки бо ҳунари волои устоҳои миллӣ мутаассир гардида, дидан намуданд. Зебоии онро санъати волои ҳунармандони тоҷик, дар кандакорию наққошиҳои нотакрор боз ҳам ҷилвагар менамуд. Инчунин, аз Донишгоҳи давлатии Данғара дидан карданд.

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Тоҷиддин Тоҷидинов, донишҷўйи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегўяд: «Албатта, ҷойҳое ҳастанд, ки мо то ин рўз аз онҳо огоҳӣ надоштем, бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и шаҳри Қўрғонтеппа мо аз мавзеъҳои таърихию саёҳии вилояти Хатлон сайру гашт дорем».


Воқеан ҳам, вилояти Хатлон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ дошта, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ омода мебошад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, манзараҳои дилнишин, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи вилояти Хатлон барои сайёҳони тамоми гўшаю канори дунё ҷолибу диданӣ буда, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ имконияти басо бузург дорад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР