Дар як сатр
» » Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

23-05-2017, 10:42

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, бо як гурӯҳи ҷавонони фаъол мулоқот намуд.

Нахуст, намоиши дастоварду ҳунарҳои ҷавонони хатлонӣ ба маърази тамошо гузошта, ҳамчунин санъати худро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Дар оғози ин чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷавононро табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳо ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ қайд кард, ки ҷавонони мо воқеан, имрӯз неруи бузурги бунёдкору созанда эътироф шудаанд. Ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Раиси вилоят дар дамоми сузханрониаш зикр кард, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд ва ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

- Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ саҳми фаъоли худро мегузоранд, - иброз дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон. – Инчунин, ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, ки Ватани муқаддасамонро ҷуз худи мо ва махсусан ҷавонон каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз мову шумо вобаста мебошад.

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Дар идомаи суханронии худ Д. Гулмаҳмадзода аз рафтори бади баъзе ҷавон изҳори нигарони намуда, қайд дошт, ки ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилоят садамаҳои нақлиётии зиёд ба қайд гирифта шудаанд, ки фоизи зиёди ин ҳодисаҳои нохуш, бо ҷурми ронандагони ҷавон руй додаст. “

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Дар чорабинии мазкур ба 4 нафар мудирони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии вилоят Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ба 35 донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи раиси вилоят ва ба 4 нафар варзишгарони сатҳи байналмилалӣ туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Сипас, ҳунармандон баҳри болидарӯҳии ҷавонон ва иштирокчиёни чорабинии идона ҳунарнамоӣ намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Аксияи ҷавонони хатлонӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва раъйпурсӣ»

Аксияи ҷавонони хатлонӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва раъйпурсӣ»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш