Дар як сатр
» » Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

23-05-2017, 10:07

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Шурӯъ аз соли 2007 то инҷониб ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Ин навбат ҷавонону наврасони синну соли гуногуни шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атроф ба майдони Исмоили Сомонии маркази маъмурии вилоят омада, дар Дави миллӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Алишер Гулов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, сафи иштирокчиёни Дави миллӣ дар Қӯрғонтеппа 13 ҳазору 290 нафарро ташкил медод. Ва масофаи даве, ки иштирокдорон вобаста ба синну сол миёни ҳам сабқат менамуданд, аз 3 то 5 километрро дарбар мегирифт.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронии табрикии худ дар маросими ифтитоҳи Дави миллӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, иброз намуд, ки «ҳамасола дар саросари кишвари азизамон гузаронидани Дави миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ногуфта намонад, ки ҳар сол роҳандозӣ шудани ин чорабинии оммавии варзишӣ барои сокинони вилоят имкон фароҳам меоварад, ки онҳо баҳри беҳбудӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мамлакат саҳмгузор бошанд».

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Бояд гуфт, ки ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад.

Дар анҷоми чорабинии ҷамъиятии варзишӣ ғолибон бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Дар маҷмӯъ, дар рӯзи Дави миллӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 172 ҳазору 493 нафар сокинон иштирок карданд.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш