Дар як сатр
» » Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

22-05-2017, 18:02

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ҷавононро рӯҳбаланд намуда, онҳоро боз ҳам барои пешрафту шукуфоӣ ва саҳм гузоштан дар ободонию созандагии ватани азизамон водор месозад.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади оммавӣ гардонидани навъи варзиши дучархаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар сар то сари кишвар мусобиқаи веломарафон таҳти унвони “Варзиш – пайки дӯстӣ” доир гардид.

Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ веломарафон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ бо иштироки доираи васеи варзишгарон гузаронида шуд. Бояд зикр намуд, ки мусобиқа аз назди бозори тиҷоратии “Ҳоҷӣ Шариф” оғоз гардида, варзишгарон то назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа сабқат оростанд. Дар ин мусобиқа ҷойи аввалро шогирдони мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон, ҷойи дуюмро намояндаи мактаби варзишии №1-и вилояти Хатлон ва ҷойи сеюмро мактаби варзишии шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиб гардиданд. Дар охир ғолибон бо диплому туҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Пас аз анҷоми мусобиқаи варзишӣ дар назди театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинии фарҳангию фароғатии “Шоми ҷавонӣ” баргузор шуд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фариза Абдуллоева зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокдорон ва ғолибони марафони велосипедрониро табрику таҳният гуфт. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи консертии омоданамудаи худ хотири ҳозиринро шоду болида сохтанд.

Ҷамахони БОБОХОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш