Дар як сатр
» » Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

17-05-2017, 08:53

Роҳнамои табибон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, иброз доштанд: «Беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд».

Мо тасмим гирифтем дар бораи фаъолияти пурсамари як чеҳраи шинохта, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Шодӣ Сафаров, ки фаъолияти меҳнатиашро аз духтури минтақавӣ сар карда, баъдан мудири шуъба, сармутахассиси раёсати тандурустӣ, муовини сардухтури беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва то сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят адои вазифа намуда, бевосита дар амалӣ гардидани Барномаҳо ва Консепсияҳои соҳаи тандурустии вилоят саҳми боризи худро гузошта меояд, қисса кунем.

Шодӣ Сафаров худ зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, хоҳиш менамояд, ки ӯро ҳамчун духтур ба вилояти Хатлон ба кор сафарбар намоянд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Шодӣ Сафаров ҳамчун кадри ҷавон фаъолияти худро ба ҳайси духтури минтақавии дармонгоҳи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намудааст. Ӯ дар тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи тандурустӣ саҳми босазои худро гузошта, ҳамеша талқин менамояд, ки табиб бояд пеш аз ҳама сухани ширину одоби муошират дошта бошад. Зеро соҳибсухане фармудааст:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст
?

Ҳамзамон ӯ талқин месозад, ки рисолати вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо ба пӯшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Барои ба номи вориси аслии Сино сазовор шудан заҳмати шабонарӯзӣ мебояд кашид ва дили бузургу ақли солим бояд дошт. Ӯ панди бузургонро ҳамеша пеши назар оварда мегӯяд: «Табиб бояд чун шер дили бузург, чун уқоб чашмони тез, ақли чун мор ва дастони чун зан нарм дошта бошад».

Қобили қайд аст, ки маҳз бо ташаббуси ин марди наҷиб соли 2004 дар маркази вилояти Хатлон шуъбаи педиатрии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб кушода шуд, ки то ба имрӯз ҳамасола зиёда аз сад нафар духтурони кӯдакона аз шаҳру ноҳияҳои вилоят курсҳои бозомӯзии ин даргоҳро хатм намуда, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ қарор доранд.

Шодӣ Сафаров айни замон ҳамчун сармутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки бевосита соҳаи тандурустии вилоятро роҳандозӣ менамояд, дар ташкил ва гузаронидани «Корвони саломатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва беморонро ба тариқи ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаронидан саҳмгузор мебошад. Қобили қайд аст, ки дар ин чорабиниҳои саломатӣ танҳо дар ду соли охир 191155 нафар аз муоинаи тиббии ройгон баҳравар шуданд. Инчунин бо иқдоми ин марди нексиришт дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Марказҳои тибби оилавӣ, тибби хусусӣ ва дар корхонаю муассисаҳои вилоят ҳуҷраҳои хизматрасонии тиббӣ таъсис дода шудааст.

Бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вақте ки бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз таъмири пурраи замонавӣ бароварда шуд, нуқтаи тиббӣ барои муоинаи кормандон низ ҷудо гардид, ки Шодӣ Сафаров барои расонидани ёрии аввалия тамоми маводҳои заруриро ташкил намуда, ба кормандон ёрии фаврии тиббӣ мерасонад ва дар вақти фориғ аз кор саломатии кормандонро назорат намуда, барои муоина ва табобати мутахассисони ботаҷрибаи соҳа маслиҳатҳои зарурӣ медиҳад.

Солҳои пас аз ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда Шодӣ Сафаров мегӯяд: «Шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ андак коста гардида буд ва мардуми деҳот аз тарсу ҳарос беморони худро ба маркази вилоят сари вақт оварда наметавонистанд. Духтурон бошанд, дар деҳотҷойҳо намерасиданд ва таҷҳизотҳои тиббӣ низ куҳнаю фарсуда шуда, ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Вале ин ҳама дер давом накард. Қадамҳои файзбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ба вилояти Хатлон сафарҳои хизматӣ доштанд ва ба мардуми шарифи Хатлонзамин вохӯриҳо менамуданд, як такони ҷиддӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гардид».

Натиҷаи ҳамин буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 ба тасвиб расида, зиёда аз 80 фисади муассисаҳои соҳа, бахусус бунгоҳҳои саломатӣ ва марказҳои саломатӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш беморхонаи бемориҳои сили вилоят, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара, марказҳои ташхисию табобатӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ аз қабили томографияи компютерӣ, таҷҳизоти ултрасадо, гемодиализ харидорӣ гардида, айни ҳол дар хизмати мардум қарор доранд.

Имрӯзҳо Шодӣ Сафаров хело серкор аст. Зеро чорабиниҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рӯзҳои иммунизатсияи маҳдуд бар зидди бемории фалаҷ дар ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар байни кӯдакони то 5-сола идома дорад, ки дар он 161529 нафар кӯдакон дар ду давра фаро гирифта мешаванд ва ӯ оид ба саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани ин маърака назорати доимӣ мебарад.

Хизматҳои софдилонаи Шодӣ Сафаров буд, ки ӯ бо ифтихорномаи раиси вилоят ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Мо орзу мекунем, ки дастони ин марди соҳибкасбу соҳибобрӯ дардро набинанд. Бигзор, умраш дарозу сиҳатманд дар хизмати мардум бошад.

М. МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси
вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Носири Хусрав. Маслиҳати ройгони тиббӣ ба сокинон

Носири Хусрав. Маслиҳати ройгони тиббӣ ба сокинон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тандурустӣ ва экология