Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР ДДТХ


КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР ДДТХ


Дар таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2020 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкурро Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. 

Дар рафти конференсия як гурӯҳ ходимони варзидаи сиёсиву илмии кишвар, аз ҷумла Ҷ. Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагону меҳмонон аз хориҷи кишвар тавассути онлайн ширкат варзиданд. 

Дар кори конференсия, ҳамзамон, Нуриддин Муҳиддинов, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурхон Ҳаётзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қобилҷон Қобилов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба корҳои муолиҷавӣ иштирок карда, суханронӣ намуданд.

Сипас, конференсия кори худро дар ду бахш идома дод, ки масъалаҳои тиббӣ ва фанҳои клиникӣ, инчунин, нигаҳдории тандурустӣ, фанҳои назариявии умумитиббӣ ва фанҳои ғайритиббиро дарбар мегирифт.

Бояд қайд кард, ки ба конференсияи имрӯза беш аз 210 нафар олимону пажӯҳишгарони соҳаи тиб аз муассисаҳои гуногуни илмиву таълимии мамлакат, ҳамзамон, 12 нафар аз 7 кишвари хориҷӣ (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Англия, Арабистони Саудӣ, Чин, Қувайт) маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмии хешро пешниҳод намуданд, ки фарогири масоили гуногуни баҳсноки тиббӣ, амаливу назариявӣ мебошад.

Баъд аз ҷамъбасти конференсия дастаи ҳунарии «Дурахшон» бо барномаи ҳунарии таҳиянамудаашон хотири ҳозиринро шод намуданд.

Комрони БАХТИЁР,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода