Дар як сатр
» » Сокинони Сангдара чаро барномаҳои телевизиони тоҷикро тамошо намекунанд?

Сокинони Сангдара чаро барномаҳои телевизиони тоҷикро тамошо намекунанд?

15-05-2017, 08:39

Сокинони Сангдара чаро  барномаҳои телевизиони тоҷикро тамошо намекунанд?


Солиёни зиёд аст, ки норасоии амвоҷи телевизион барои мардуми рустоҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти «Шугнов»-и ноҳияи Ховалинг проблемаи асосии ҳалталаб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сокинони ин музофот бештар ба тамошои диску фитаҳои хориҷӣ ва силсилафилмҳои туркӣ рӯ овардаанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро масъулин то ҳол сари ин масъала наандешидаанд?

Ҷамоати деҳоти «Шугнов» яке аз ҷамоати дурдасти ноҳияи Ховалинг ба ҳисоб рафта, ба истиснои 2-3 деҳа, деҳоти дигари он ба тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дастрасӣ надоранд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар ин ҷо ҳар нафаре, ки сатҳи зиндагиаш беҳ аст, метавонад тариқи антенаҳои моҳворавӣ аз шабакаҳои дохилӣ баҳравар бошад. Вале набояд фаромӯш кард, ки на ҳамаи сокинон имконияти дастраснамоии чунин антенаҳоро доранд.

Ба гуфти як сокини куҳансоли ин деҳ, тахминан 5 сол қабл фиристандаи телевизионӣ дар ин русто фаъолият дошт, аммо он ҳам дар ҳоли ҳозир дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад.

Шомурод Алиев, истиқоматкунандаи рустои мазкур, мегӯяд, ки пас аз таъмирталаб шудани ин дастгоҳ онро ба маркази ноҳия бурдем, дигар барнагардониданд. Дар ин баробар, таҷҳизоти мавҷпахшкунии чанд деҳаи дигар низ ҳолашон ҳузнангез аст.

Дар ин радиф, Хуршед Латипов, намояндаи халқ дар деҳаи Сангдара, зимни суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки аз таъмир ё барқарор намудани фиристандаи телевизионӣ огоҳ нест. Лекин насиб кунад аз пайи барқарор кардани мавҷи телевизионӣ мешавем.

Аммо сокини дигари ин деҳ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, ин проблемаро ба таври дигар ба мо шарҳ дода, иброз намуд, ки мардум ин ҷо ин гуна ваъдаҳоро зиёд шунидаанд, вале амалан касе барои бартараф намудани ин мушкилӣ кӯшиш намекунад. Гӯё ин мушкилӣ набошад…

Олимхӯҷа Олимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, мегӯяд, ки борҳо ба мақомоти болоӣ муроҷиат кардем, вале то кунун посухе нагирифтем. Ин бештар аз сохторҳои болоӣ вобаста аст, мо шароити таъмир ё барқарор кардани он таҷҳизотро надорем, зеро барои он маблағи зиёд лозим аст.

Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон ВАО дар ташаккули зеҳнӣ ва худшиносиву меҳанпарастии мардум нақши арзанда дошту дорад. Аммо огоҳ набудан аз рӯйдодҳои кишвар маънои нобиноиро дорад. Пас, барои воқиф гаштан аз хабару рӯйдодҳои ҷумҳурӣ мардуми деҳ чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд? Ва ё дар чунин ҳол метавон ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намуд? Ин ҳама суол бе ҷавоб боқӣ мемонад.

Шарифхон Бобоев, директори маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони рақами 4-и вилояти Хатлон, иброз медорад, ки ҳалли ин мушкилот бештар ба мақомоти маҳал рабт дорад. «Онҳо вазифадоранд, ки барои таҷҳизоти мавҷпахшкунӣ ҷойи махсус муҳайё созанд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, рӯзҳои наздик мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Чунки таҷҳизоти лозимаро мо аз Ҷумҳурии Украина дастрас намудем ва дар наздиктарин фурсат онро насб мекунем», - афзуд ӯ.

Мо низ умед бар он мебандем, ки ин ваъдаи хушку холӣ набуда, балки дар наздиктарин фурсат мушкилоти сокинони ин музофот бартараф мегардад.

Аҳмадҷони РАҲИМЗОДА,
ноҳияи Ховалинг


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бори аввал дар 18 соли охир. Тавлиди сегоник дар Шугнов

Бори аввал дар 18 соли охир. Тавлиди сегоник дар Шугнов

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)

Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад

Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД